Мегӯянд, ки агар падар духтарро занад, духтар дар зиндагӣ бадбахт мешавад. Мехоҳам донам, ки ин гап ягон асос дорад ё не? Дини мубини ислом дар ин бора чӣ мегӯяд?
Мадина, ш. Кӯлоб.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Падар дар болои сари фарзандон ҳамчун соябон аст. Бояд аз ҳама рафтору кирдори аҳли оилааш бохабар бошад, фарзандонашро зери назорат гирад, аз ҳамсараш ғофил намонад. Вақте ки ягон амали номатлуби онҳоро мебинад, бояд сари вақт он хаторо ислоҳ намояд. Задану сарзаниш кардани волидон ба хушбахт ё бадбахт шудани фарзанд ягон робита надорад. Хушбахт ё бадбахт шудани одам ба тақдираш вобастагӣ дорад. Худованд дар тақдираш хушбахтиро навишта бошад, албатта хушбахт мешавад.