Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оила шуруъ аз 25-уми ноябр дар ҷумҳурӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор мегардад.
Дар озмун оилаҳои ҳунарманд аз рўйи намудҳои тасдиқшудаи феҳристи ҳунарҳои халқӣ иштирок карда метавонанд.
Даври аввали озмун аз 25-уми ноябр то 5-уми декабри соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳо доир гашта, ҷамъбаст ва маросими мукофотсупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин оилаи ҳунарманд” нимаи дуюми моҳи декабр дар назар дошта шудааст. Ғолибон ва иштирокчиёни озмун аз ҷониби кумитаи тадорукот бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Ҳадаф аз озмуни мазкур баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, тарбияи дурусти фарзанд, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунаромӯзӣ, рушди ҳунарҳои халқӣ, дар маҷмуъ тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ мебошад.