Formula novemver 2024
ОВОЗХОНИ АМРИКОӢ БАЪДИ ТРАМП ПРЕЗИДЕНТ ШУДАНИСТ
1524

Кане Уэст, рэпсаро, соҳибкор ва ҳамсари модели амрикоӣ Ким Кардашян дар шабакаҳои иҷтимоии худ навиштааст, ки баъди Доналд Трамп, раисҷумҳури феълии Амрико президенти ин кишвар шудан мехоҳад.

“Ҳоло мо ба Худо имон оварда, нуқтаи назари худро муттаҳид мекунем ва ояндаи хешро месозем. Бояд иқтидори Амрикоро дарк кунем. Ман номзадии худро барои президенти Амрико шудан пешниҳод хоҳам кард”,-навиштааст, ҷаноби Уэст дар саҳифаи Твиттери худ. Маълум нест, ки овозхон шӯхӣ кардааст ё ҷиддӣ мегӯяд, аммо қисми зиёди шаҳрвандони Амрико, аз ҷумла ҳамсараш Ким Кардашян ӯро ҷонибдорӣ кардаанд. Ин бори нахуст нест, ки Кане Уэст дар мавриди президенти Амрико шуданаш ҳарф мезанад. Бори аввал соли 2015 ният карда буд, ки дар оянда президенти Амрико хоҳад шуд.

Бори дувум моҳи октябри соли гузашта низ дар суҳбате бо рӯзноманигорон ин нуқтаро таъкид карда буд. Бори севум 4-уми июли имсол, дар рӯзи Истиқлолияти Амрико бори дигар аз президенти ин кишвар шуданаш хотирнишон кард. Қарор аст, 3-юми ноябри имсол интихоботи президенти Амрико баргузор ва 46-уми президенти ин кишвар интихоб карда шавад, аммо Кане Уэст номзадии худро то ҳол пешниҳод накардааст.

Аз навиштаҳои овозхон бармеояд, ки ӯ имсол номзадии худро пешбарӣ карданӣ нест, зеро ӯ баъди соли 2024 нияти президент шуданро дорад. Бисёриҳо бар он назаранд, ки овозхон бо ин роҳ худро миёни мардум таблиғ мекунад ва нияти президент шудан надорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД