Салом хонандагони сомонаи ОИЛА. ТЧ.Хуршед ном дорам ва бо ҳукми суд ба18 соли зиндон маҳкум гаштаам. Маро бе гуноҳ ҳабс кардан гуфта, даво намекунам. Эътироф мекунам, ки ман қотил ҳастам. Як сол пеш бародари занамро кушта ба зиндон афтидам.
Сабаби ба одамкушӣ даст задани ман зани фоҳишаам буд. Миш-миши ҳамсояҳоро дар бораи тардомонии ҳамсарам шунида бошам ҳам, бовар намекардам, вале аз пасаш поида-поида, билохира ошиқ доштани занамро фаҳмидам. Забони ғару дузд дароз гуфтагӣ барин, Маҳинаи тарпоча ба ҷойи бахшиш пурсидан акаҳояшро ба сарам овард. Ҳамин тавр байни ману додарарӯсонам моҷаро бархост ва дар сари қаҳру ғазаб акаи калонии Маҳинаро чандкор задам. Бародари занам дар беморхона ҷон дод, ман бошам, барои ҷинояти вазнини одамкушӣ ба кунҷи зиндон афтидам.
Падарам бо шунидани ин хъабари шукм инфаркт шуд, модарам ҳам аз ҳамон рӯз инҷониб дар рӯйи бистари беморӣ хобидааст.
Аламам меояд,аз рӯйи як зани тардоман чанд нафар бадбахту сиёҳрӯз гаштанд, вале Маниҳаи беномус ҳамоно бо “буққаҳо”-и пулдор кайфу сафо карда гаштааст.
Дӯстонам хабар меоранд, ки занам бачаҳоямро доим дар хонаи модараш қулф карда, рӯзи дароз дар шаҳр сайру саёҳат карда мегардад. Аз рӯйи шунидам Маҳина ҳатто баъзан шабона кӯдаконро танҳо гузошта ғайб мезадааст.
Кайҳо талоқи занамро дода бошам ҳам, ин гапҳоро шунида хун ба сарам мезанад. Дилам ба ду писарчаам месӯзад, ки дар дасти модари тарпоча монда, азоб кашида истодаанд. Росташро гӯям, баъзан шабҳо аз дигар зиндониён пинҳонӣ гиря мекунам. Дилам бахудам не, ба бачаҳоям, ки бесоҳиб мондаанд,месӯзад.Ҳоли фарзандонам дар тӯли 18-соли маҳбусии падарашон бо модари фоҳиша чӣ мешуда бошад?!
Хуршед аз зиндони ш. Душанбе