Formula novemver 2024
ҚОТИЛИ БИБИЯМ ШУДАМ (ҚИСМИ 14)
13.07.2021
ДИЛОШУБ
1444

 ИДОМААШ...

Баъди ин ҳодиса қариб даҳ рўз ба мактаб нарафтам.Ба норозигиям нигоҳ накарда маро ба беморхона мебурданд.

Аз назди як духтур ба назди духтури дигар.Саволҳои аҷоибу рафторҳои ғайриодии духтурон ҳайронам мекард.Дар хона бошад,муносибати падару модару очаҷонам косаи сабрамро лабрез мекард.Мисли кўдаки навзод бом ан рафтор мекарданд.Ҳамон вақтҳо рўҳан оромиш надоштам.Аз як тараф муносибати дилгиркунандаи аҳли хона аз тарафи дигар рафиқони номуносиб.Миёни чаҳорчўбаи маҳкаму оҳанин хомўшу бесадо.На садои сухан гуфтан на қувваи роҳ рафтан буд маро.Як субҳ модарам маро аз хоб барвақт бедор кард.Ба барвақтии рўз нигоҳ накарда, хона мо рўфтагӣ-тозаю озода.Ҳатто хонаи меҳмониро мисли арўсон ороста карда буданд.Хобам меомад. Рўямро ба гуфти очаҷонам «гурбашў» кардаму ба ҷойгаҳам даромаданӣ шудам,вале модарам нагузошт.Ғурғуркунон дасту рўямро шуста либосҳоямро иваз кард.Маро ба меҳмонхона бурда худаш ба ошхона рафт.Меҳмонхонаи мо хонаи камбари дароз буд. Дар ин ҷо 40-50нафар ба роҳат ҷой мегирифтанд.Аз тарафи офтоббаро ду тирезаи калон дошт,ки хонаро доим гарму равшан нигоҳ медошт.

     Ба хона даромадан замон ҳайрон шудам.Аз ду тараф дуқабатӣ курпача партофтагӣ.Ба рўи яке аз кўрпачаҳо ду болишт ба дигараш се болишт буд.Дар назди курпачаҳои аз тарафи тиреза партофтагӣ ҷойгаҳи хоби якнафара.Аввал фикр кардам,шояд шаб меҳмон доштем,вале наздиктар рафта дидам,ки дар он касе нахобидааст.Ман бештар вақт ба корҳои бузургон сарфаҳм намерафтам,бинобар ҳамин аҳамият намедодам.Ин дафъа низ беаҳамиятӣ кардан хостам,нашуд.Аз модарам пурсиданӣ шудам. Ба назди дар рафтан замон овози падарамро шунида ба қафо гаштаму аз тиреза нигаристам.Падарм ҳамроҳи як марди ҷелакпўш дар рўи ҳавлӣ. Он мард ба дарахтон ишора карда, ба падарам ё маслиҳат медод,ё аз вай чизе мепурсид.Мард аз пушташ ба назари ман тахминан 40-45 сола намуд.Ҳангоми ба хона даромадан дар рў ба рўи худ ман мўйсафеди 70-75соларо дидам.Чеҳраи ин мард ба назарам аҷоиб намуд.Риши паҳну пахта барин сафеди ў ба рўи гирдаш бисёр мезебид.Бо вуҷуди доштани ришу мўйлаби cафед доштан абрувонаш сип- сиёҳ буданд.Рухсораҳояш мисли яхи зери шуои офтобмонда ялаққос мезаданд.Бо ман мисли калонсолон вохўрӣ кард.Садои ширадор дошт.Суҳбати мо дар як лаҳза тафсид.Савол медоду ман дарҳол ҷавоб медодам.Аз он ки ба баъзе саволҳо ҷавоб намеёфтам,сурху cfatl мешудам,аммо ў маро зуд аз ин ҳол раҳо мекард. Ниҳоят аз ман хоҳиш кард,ки дар ҳамон ҷрйгаҳ хоб равам.Бо овози баланду ширадораш ба хондани сурае аз «Қуръон» оғоз кард.Хобам бурд. Вақте ки бедор шудам,аллакай шаб аз нисф гузашта буд.Баъд аз ин ман хашми худро фурў мебурдагӣ шудам.

Гузашти солу моҳ маро бузургтар мекард,аммо забони масхарагаронро кўтоҳ карда наметавонист.Дар синфи 11 хонданам, хостам пеш аз шиноснома гирифтанам,номамро иваз кунам,то ки ин «азоб» дар донишгоҳ ҳам дунболагирам нашавад. Як шаб баъди хўрдани хўроки шом мақсадамро пеши аҳли хона баён кардам. Падару модарам ба очаҷонам нигаристанд. Вай остинҳои кушодашро ба кафи дастонаш ҷамъ карда гоҳ пешонӣ, гоҳ зери чашмонашро тоза мекард. Хомўшии гароне ба миён омад. Иштиҳои ҳама ба якборагӣ пур шуд. Касе ба мевагиҳо, ки ҳар шаб баъди хўрок бо иштиҳои том мехўрдем,даст назад.Ба ҳамон хомўшӣ ба ҷойгаҳои худ даромадем.То як поси шаб маро хоб набурд. Аз гуфта ҳазор бор пушаймон. Оҳу афсўс хўрданҳо суде намебахшид.Дилам ба ҳоли очаҷонам месўхт. Кампири бечора бо ҳазор умеду орзу номи писари дўстдорашро ба ман гузошт.Мехост бо очаҷон гуфтани мо бори гарони андўҳаш каме сабук гардад.Ҳамон шаб қарор додам, ки ба хотири очаҷонам аз иваз кардани номам даст мекашам ва субҳ аввал аз ў бахшиш мепурсам.Ба фикрам ин мақсадам маро осуда карда бошад,хобам бурд.Маъмулан ҳар субҳ ману бародарам бо навозишҳои очаҷонам бедор мешудем.Ин субҳ бошад,маро навозишҳои ў не, балки фарёди дардолуди модарам бедор кард.Бо тарсу ҳарос чашм кушода, ўро дар назди очаҷонам дидам.Дасту по гум кардам.Хомўшу беҳис болои ҷойгаҳ нишастам.Падарм аз берун давида омад,вале ман аз ҷой ҷунбида наметавонистам.

-Худо раҳматаш кунад.Аллакай..-давоми гапашро нагуфта сар ҷунбонид падарам.

   -Ман ўро куштам.-мегуфтам ба худам.Ба ҷисми беҷони очаҷонам нигариста дарун-дарун месўхтам.Ўбо падруд гуфтани ин дунё ғаму дардашро ба ман амонат гузошт,ки дар қафаси сина болои дил вазниниеро ҳbc кардам.Оҳу нолаи маро ба ҷуз худам касе намешунид.Ман мисли ҳезуми тар бо дуди зиёд оҳиста ва ва хеле дарднок месўхтам.

ДАВОМ ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД