Arzon march 2024
ОТАШИ ИШҚ МАКТАБРО СӮХТ
11.01.2021
Р. Азимӣ
5895

Зарнигор ном нозаниндухтаре аз мо як синф поён мехонд ва бо ҳусни зебояш диққати ҳама ҷавонро ба худ ҷалб менамуд. Қаду қомати расову рӯйи чун моҳи тобонаш маро низ дар оташи муҳаббат месӯхту мегудохт. Рӯзе набуд, ки пеши роҳашро дошта изҳори муҳаббат накунам.

Зарнигори сангиндил калимаи ишқро шунида ба қавле «девона» мешуд ва борони дашному ҳақоратро ба сарам мерехт. Ин духтари мағрур ҳеҷ ишқамро қабул накард, ки накард. Рӯзе аз пасаш назорат карда дидам, ки ҳама ҳамсинфонаш ба дарси варзиш ба майдон рафтаанду Зарнигор бо Маликаи дугонааш дар синфашон навбатдор мондаанд. Вақте ки Зарнигор латта дар дарс ба назди чӯмаки об омад, тозон рафта аз банди мӯйҳояш доштам. Баргашта маро дид ва ба шаст шаппотии обдоре ба бари рӯям фароварда дод зад:

-Дигар аз пасам надав, ман фоҳишаи қади раҳ нестам!

Оташи ишқи ман ба ин духтарак ончунон баланд аланга мезанад, ки боре қариб мактабро сӯхта буд. Барои ин корам маро аз мактаб хориҷ карданд ва худи ҳамон сол ба «облава» офтодаму сарбоз шудам. Инак, як сол аст, ки дар ноҳияи Панҷ хизмат мекунам. Ба Зарнигор гуфтаниям: «Ҳой духтар, агар ба замин дароӣ, аз гӯшҳоят кашида мебарораму ба осмон бароӣ, аз поят кашида ба замин мефарорам.

Дониста бош, ки хоҳӣ нахоҳӣ занӣ ман мешавӣ! Туро ба занӣ нагирам, одам нестам, Зарнигор!

Сарвар, сарбоз.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД