arzon replenishment
ОШИҚАМРО ГУРЕЗОН МЕКУНАМ
4067

 


Дар оила яккадухтарам. Волидонам маро «духтари талбидагӣ» мегӯянд, зеро чандин маротиба фарзандонашонро аз даст дода, бо даводавиҳои бисёру бо инояти Парвардигор маро зинда нигоҳ доштаанд.

Аз ҳамин сабаб бисёр дӯстам медоранд ва эркаю азиз мекунанд. Падару модарам бою бадавлат набошанд ҳам, назари ман ҳар хел одамро намегирад, танҳо бо духтарони сарватманд дугонагӣ мекунам. Медонам, ки ҳамсояҳо дар ғайбам «худаш ҳеҷ чиз нею каттагиаш шоҳдухтар барин» гӯён, маро маломат мекунанд, вале аҳамият намедиҳам. Аниқтараш гапи онҳоро ба як пули пучак намегирам.

Ростӣ, забонам тез аст, мабодо ягон кас ошкоро айбамро дар рӯям бигӯяд, дарҳол ӯро дар ҷояш шинонда чунон гапҳое мезанам, ки роҳи гурез мекобад. Забони тезам ба худам ҳам писанд нест, вале тарки одат дар ҳақиқат амри маҳол будааст, ҳарчанд кӯшиш мекунам, ҳеҷ худро ба даст гирифта, хомӯш нишаста наметавонам. Забондарозиам душмани ҷонам гаштааст, маҳз аз рӯйи забонам аз чандин корхона ронда шудам. Ҷавононе, ки ба ман писанд меоянд, баъди ду-се маротиба суҳбат кардан рози гурез меҷӯянд. Илтимос, ба ман маслињат дињед, чӣ кор кунам?

Ф., ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД