Соли нав ояд, маро ғам фаро мегирад, зеро маҳз дар ҳамин арафа ман ошиқ шуда, сахт пушамон гашта будам. Вақте ба бародарам зан овардем, бо як нигоҳ янгаам бо хушмуомилагӣ ба ман писанд афтод. Ҳол он, ки янгаам ҳамкури акаам буд. Ман ӯро бори аввал баъди тӯй дар хонаамон дидам ва кош намедидаму инқадар азоб намекашидам.
Ноаён ба меҳрубониву хушсуханӣ, рафтори зебо Гулпарӣ дар дилам маъво гирифт. Инро ман ҳамин хел баҳо медиҳам, зеро то 20 солагиям ин гуна ҳиссиёти гувороеро дар вуҷуди хеш надида будам. Бетоқатона ин суханро рӯзе ба янгаам гуфтам. Ӯ дар авал ба сӯям писанханд зад ва баъдан оби чашм рехта тозон аз ошхона берун шуд. Худи ҳамон лаҳза ба сари ман модарамро овард. Модарам бо оташкоби дар назди дегдонбуда, чунон ба сару рӯям зад, ки қариб мурда будам. “ агар бори дигар ба янгаат чашм алло кунӣ, оқат мекунам” –гуфта маро худ дашном кард. Модари бечораам ғами парешонии оилаи моро нахӯрда, аз янгам хоҳиш кард, ки ин сорро ба шавҳараш нагӯяд. Янгаам хотири эҳтиороми модарам ин гапро пинҳон кард вале фардои ин ҳодиса ба шаҳр бо нияти дарсхонӣ омадаму дигар ба деҳа барнагаштам. Ҳар боре бародароам занг зада, кай ба хона меоӣ мегуфт, бо баҳонаҳои имтиҳонҳо омаданамро ба фардову рӯзи дигар мегузоштам. Як сол сипарӣ гашт, дигар чунин андешаҳои хомро дар сар намепарварам вале соли нав шаваду фикр мекунам дар назди модараму янгаам шармандаам. Мехоҳам соли навро бо ҳамкурсонам дар шаҳр гузаронам ва ба деҳа барнагардам, зеро намехоҳам маҳз дар ин рӯз суханони беақлонаи ма пеши рӯйи зани бародарам ояд.
М., донишҷӯ