Sebiston new 2024 october
Орду равған арзон шуд, вале нархи мева боло меравад
07.09.2022
Mahina
931

 

Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти нархи маҳсулоти хӯрока дар ҷумҳурӣ нисбатан паст шуда, боиси хушҳолии харидорон гашт...

Азбаски мардуми тоҷик серфарзанд ҳастанд, орд, равған, шакар ва маҳсулоти полезӣ аз ҷумлаи муҳимтарин маводҳои ғизоӣ барои ҳар як хонаводаи тоҷик ба шумор мераванд. Пайваста боло рафтани нархи маҳсулоти хӯрока дар бозор вақтҳои охир боиси нигаронии мардум гашта буд. Маъмулан, вақте нарх боло рафт, дубора паст шуданаш амри маҳол аст, вале хушбахтона дар арафаи ҷашни 31-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон нархи маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла орду равған дар бозорҳои кишварамон нисбатан поён фаромадааст.

Ташкил кардани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрока аз ҷониби ҷамъияти “Тоҷикматлубот” дар минтақаҳои мухталифи пойтахт каме ҳам бошад, ба паст шудани нарху наво дар бозор мусоидат намуда, имрӯз як халта орди навъи 1-ро ба 300-340 сомонӣ харидорӣ кардан мумкин аст, ҳол он ки моҳҳои пешин арзиши он 360-370 сомонӣ буд. Орди навъи дуюм акнун аз 230то 260 сомонӣ арзиш дорад. Орди дурушти осиёбиро бо нархи 210-240 сомонӣ метавон пайдо кард. Нархи равған аз 240-250 сомонӣ то ба 220 сомонӣ фаромадааст. Қобили зикр аст, ки нарх дар ярмаркаҳо бз ҳам пасттар буда, зарфи 5 литраи равғанро ба 110 сомонӣ харидан мумкин аст. Нархи дигар навъҳои маҳсулоти хӯрока ҳам нисбатан паст шудааст, масалан нархи макарон аз 11 ба 7 сомонӣ фаромада, як кило гӯштро аз ярмарка ба 55 сомонӣ харидорӣ намудан мумкин аст, вале дар бозор нархи гӯшт бе тағйир монда, то ба ҳол як килограмаш 65-70 сомонӣ арзиш дорад. Нархи каротошка имсол нисбат ба солҳои пешин хеле баланд аст.

Маъмулан дар ин мавсим каротошка бо нархи 2-3 сомонӣ фурӯхта мешуд, вале имсол нархи картошка қариб дар тамоми бозорҳои пойтахт ва навоҳии гирду атроф 4-5 сомониро ташкил мекунад. Соли гузашта пиёлро ҳатто ба 50 дигарм ҳам харидрӣ кардан мумкин буд, имсол бошад, як килграм пиёз аз 4 сомонию 50 дирам то 6 сомонӣ фурӯхта мешавад. Аз меваҳо имсол ангур нисбатан арзонтар шуда, тахминан 3-5 сомонӣ арзиш дорад, вале нархи шафтолу ва себ хеле баланд аст. Иддае аз фурӯшандагони беинсоф 1 килограм шафтолуро 15-20 сомонӣ мефурӯшанд, себ ҳам аз 8 то 15 сомонӣ арзиш дорад.

Умедворем, ки нархи меваву сабзавот низ оҳиста-оҳиста паст шуда, мардум имкон пайдо мекунанд, ки барои м авсими тирамоҳу зимистон маҳсулоти хӯрокаро захира намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД