Arzon march 2024
Операторони мобилӣ маблағро ба чӣ сарф мекунанд?
21.02.2024
PROMO
1161

 

 

Моҳи январ аксарияти ВАО дар бораи даромади операторони алоқаи тоҷик, ки дар соли 2023, нисбат ба соли қаблӣ, 7,8% бештар даромад гирифтаанд, иттилоъ доданд. Ин дуруст аст, аммо биёед бифаҳмем, ки рақамҳо аз куҷо гирифта шуданд. Боз фаҳмидани он, ки ширкатҳои телекоммуникатсионӣ бо миллиардҳои худ чӣ кор мекунанд, хеле ҷолиб аст.

 

Миллиардҳои умумӣ

 

Хонандаи бодиққат дар ҳисоботи солонаи соҳаи алоқа рақами 3,8 миллиардро  пай бурд, вале ин даромади на як ширкат, балки даромади тамоми ширкатҳое, ки дар Тоҷикистон бо   иҷозатномаҳои барои пешниҳоди хизматрасониҳо дар соҳаи алоқаи барқӣ фаъолият доранд, маҳсуб меёбад. Дар кишвар шумораи онҳо 78-то аст. Албатта, танҳо ба шумораи ширкатхо тақсим кардани даромади умумй дуруст нест, зеро дар баробари операторони бузург, операторони хурдтар низ мавҷуданд. Лекин маънояш возеҳ аст, ки ҳатто бозингарони пешбари бозор ба қадри тамоми соҳа даромад надоранд.        

Боз чӣ метавонад аз назари хонандаи камтаваҷҷуҳ дур монад, даромади ширкат маблағе нест, ки онро дар сейф гузорем ва дигар даст нарасем.   Ин маблағест, ки барои рушди минбаъда зарурат дорад. Агар онҳо сарф карда нашаванд, операторон наметавонанд фаъолият карда, муштариёни худро бо алоқа таъмин намоянд. Биёед ин масъаларо бо мисоли мушаххаси ширкати “Мегафон Тоҷикистон” баррасӣ кунем.    

 

Баҳри фаъолияти шабака  

Инак, оператор дар давоми сол миқдори муайяни даромад гирифт. Сипас ин маблағҳо барои чӣ истифода мешаванд? Пеш аз ҳама, барои иҷрои вазифаи худ дар назди давлат - супоридани маблағи андозҳо. Дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” хароҷоти андоз 37%-и тамоми воридоти пулиро дар соли 2023 ташкил намудааст.        

 

Баъдан, бояд шабака хизматрасонӣ карда   шавад, то ки қобилияти кориашро нигоҳ дорад ва муштариён ҳамеша бо алоқаи боэътимод таъмин бошанд. Нигоҳдории инфрасохтори мавҷуда тахминан 9% хароҷоти ширкатро ташкил дода, дар соли 2023 барои ин беш аз 155,6 миллион сомонӣ сарф гардидааст.   Арзиши нерӯи барқ ​​ҳудуди 24 миллион сомониро ташкил намуда, дар соли 2024, бо назардошти болоравии нархҳо, ин маблағ боз 16% афзоиш хоҳад ёфт.

19 фоизи дигар ба рушди техникй — насби истгоҳҳои нави базавй, кашидани хатхои нурию нахии алока, навгардонии таҷҳизот равона мегардад. Бидуни ин амал комилан ғайриимкон аст, зеро талаботи муштариён ба сифати хизматрасонӣ меафзояд, қобилияти гузариши шабака ва суръати интернети мобилиро зиёд кардан лозим аст. Илова бар ин, дар маҳалҳои аҳолинишини дурдаст бояд таҷҳизот ба кор андохта шаванд, то ки хизматрасониҳои муосири рақамӣ дастраси тамоми сокинони кишвар гарданд.  

20% воридоти маблағ барои хариди трафики интернет аз шарикон ва ҳисоббаробаркуниҳои дуҷониба бо операторони дигар, ба истилоҳ интерконнект, истифода мешавад. Албатта, ширкат бояд ба кормандон музди мехнат диҳад, ки ин 6% даромади солонаи пулиро ташкил медиҳад.    

Чӣ қадар боқӣ мемонад?    

Ширкат метавонад, ба таври содда гӯем танҳо 9% тамоми даромадро "барои худ” нигоҳ дорад. Ва ҳатто ин ҳам пурра нест. Мутахассисони молия ин сутунро "хароҷоти дигар" меноманд ва он албатта дуруст аст, ки боз хароҷотро дар бар мегирад. Онҳо дигар ба андозҳо, сохтмон ва хизматрасонии шабака, ҳисоббаробаркунӣ бо дигар операторон ё маоши кормандон дахл надоранд, вале ҳамоно барои ширкат ва кишвар заруранд.  

Хулоса, агар як ширкати телекоммуникатсионӣ, шартан гӯем 100 сомонӣ кор карда бошад, пас 37 дар шакли андоз, 28 барои инфрасохтор, 20 барои ҳамкорон дар бозори соҳа ва 6 сомониро ба кормандон медиҳад. Барои худи ӯ низ на бештар аз 9 сомонӣ мемонад.

Ҳамин тариқ, агар шумо дар ягон ҷо дар бораи даромади афсонавии операторони телекоммуникатсионӣ бишнавед, ҳадди ақал навад фоизро дар фикри худ тарҳ кунед!  

 

На что тратят деньги мобильные операторы?

В январе многие СМИ поделились информацией о доходах таджикских операторов связи, которые в 2023-м заработали на 7,8% больше, чем годом ранее. Это правда, но давайте разберёмся, откуда взялись цифры. А ещё интереснее выяснить, что телеком-компании делают со своими миллиардами.

Общие миллиарды

Что в годовом отчёте отрасли связи внимательный читатель мог заметить сразу: 3,8 млрд – это доход не какой-либо одной, а всех компаний Таджикистана, имеющих лицензии на оказание услуг в сфере электросвязи. А их в стране 78. Конечно, просто разделить суммарный доход на число компаний будет неверно, ведь наряду с крупными операторами есть совсем небольшие. Но смысл понятен – даже ведущие игроки рынка не имеют столько, сколько вся отрасль.

Что ещё может ускользнуть от недостаточно осведомлённого читателя: доход компании – это не та сумма, которую можно положить в сейф и больше не трогать. Это деньги, которые нужны для дальнейшего развития. И если их не тратить, операторы просто не смогут работать и обеспечивать своих абонентов связью. Давайте разберём этот вопрос на конкретном примере компании «МегаФон Таджикистан».

Чтобы сеть работала

 

Итак, оператор получил за год некий доход. На что затем направляются эти средства? Прежде всего, нужно выполнить свой долг перед государством, заплатить налоги. У компании «МегаФон Таджикистан» налоговые отчисления составили 37% от всех денежных поступлений в 2023 году.

 

Далее, нужно обслуживать сеть, чтобы она сохраняла работоспособность, и у абонентов всегда была надёжная связь. Обслуживание существующей инфраструктуры – порядка 9% затрат компании, в 2023 году на это было потрачено более 155,6 млн сомони. Порядка 24 млн сомони составили затраты на электроэнергию, а в 2024-м с учётом выросших тарифов эта сумма увеличится ещё на 16%.

Ещё 19% направляется на техническое развитие – установку новых базовых станций, прокладку оптоволоконных линий связи, модернизацию оборудования. Без этого никак нельзя: требования абонентов к качеству услуг растут, нужно увеличивать пропускную способность сети и скорость мобильного интернета. А кроме того, запускать оборудование в отдалённых населённых пунктах, чтобы современные цифровые услуги становились доступными всем жителям страны.

20% денежных поступлений направляется на закупку интернет-трафика у партнёров и взаимные расчёты с другими операторами, так называемый интерконнект.

Разумеется, компания должна платить зарплату сотрудникам – это 6% от ежегодных денежных поступлений.

Сколько в остатке?

Лишь 9% средств от всех поступлений компания может, говоря простым языком, «оставить себе». Да и то не целиком. Специалисты по финансам называют эту графу «прочие затраты», и она включает… правильно, опять-таки затраты. Они уже не относятся к налогам, строительству и обслуживанию сети, расчётам с другими операторами или зарплатам сотрудников, но также необходимы компании и стране. Эти деньги идут не в «карман» оператора, а на развитие совместных проектов в сфере образования, спорта, культуры.

Подводим итог, если телеком-компания заработала, условно говоря, 100 сомони, 37 она отдаёт в виде налогов, 28 – на инфраструктуру, 20 – коллегам по рынку, 6 – сотрудникам. А ей самой остаётся не более 9 сомони.

Так что если слышите где-либо о фантастических доходах операторов связи – вычитайте в уме как минимум девяносто процентов!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД