new banner new years
Оғози Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футзал байни дастаҳои занонаи то 19-сола
477

Мавсими дуюми чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал байни дастаҳои занонаи то 19-сола оғоз шуд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дар мавсими дуюми чемпионат 12 даста - «Душанбе» (Душанбе), МД МВ (Бохтар), «Хатлон-2» (Кӯлоб), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав), «Ситора» (Шаҳринав), «Коллеҷи тиббӣ» (Хуҷанд), «Зафаробод» (Зафаробод), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «ММВФЧА Хуҷанд» (Хуҷанд), «Ашт» (Ашт) ва «Навбаҳор» (Мастчоҳ) ширкат мекунанд.

Тибқи муқаррарот ҳар як даста имкон дорад дар рӯйхат ду бозигари аз 19-сола боло ворид кунад.

Дар марҳилаи муқаддамотӣ бозиҳо дар ду минтақа аз рӯйи системаи даврӣ дар ду давра гузаронида мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду даста ба қисми ниҳоии чемпионат роҳ ёфта, ҷуфтҳои ниманиҳоиро ташкил мекунанд. Баъдан рақобат барои зинаи сеюм ва финал барпо мегардад.

Дар даври аввали чемпионат дар минтақаи Душанбе «Душанбе» бар «Панҷшер» (11:1) ғолиб омад, МД МВ-и Бохтар бар «Хатлон-2» (6:3), «Бешкент» бар «Ситора» (6:4) зафар ёфтанд.

Дар вилояти Суғд футзалбозони «Бунҷикат» дастаи «Навбаҳор»-ро (12:2) бо ҳисоби калон шикаст доданд. «Ашт» бар тими «Коллеҷи тиббӣ» (11:1) пирӯз шуда, ММВФЧА Хуҷанд» аз «Зафаробод» (8:1) пурқувваттар баромад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД