Ҷонибек Муродов, овозхони шинохта ва муваффақи тоҷик одобу ахлоқи баъзе аз санъаткорони ҷавонро, ки бо сабти ду-се тарона аз худ ситора метарошанду нописандӣ мекунанд, зери тозиёнаи танқид гирифт. Овозхон ин нуқтаро дар барномаи интернетии “TOJIKBACHA SHOW” зикр кардааст.
“Вақте ки ба чорабиниҳо даъват мешавам, дар як тараф нишаста, мушоҳида мекунам. Мебинам, ки миёни санъаткорони ҷавон ҳурмату эҳтиром вуҷуд надорад. Дар вақташ мо ҳам ҷавон будем, ягон нафари аз худамон калонро медидем, дарҳол рафта, салом медодем. Ҳоло ин анъана қариб аз байн рафтааст. Онҳо бо ду-се суруд худашонро ситора меҳисобанд. Ман худамро ситора намешуморам, онҳо аз куҷо? Дар ҳоле, ки ман ин қадар болои худ кор кардаву эҷод кардаам. Халқ ҳама чиро ҳис мекунад. Санъаткорони ҷавон пеш аз ҳама инсон бошанд, мардум ҳам дӯсташон медоранд”,-мегӯяд, овозхон дар рафти суҳбат. Корбарони шабакаи YouTube андешаи овозхонро ҷонибдорӣ карда, аз хоксорӣ ва хушгуфториву бомаданиятии ӯ ҳарф задаанд. “Дар урфият мегӯянд, ки себ аз дарахташ дур намеафтад. Ба ҳар ҳол писари Ҷӯрабек Муродов буданаш маълум аст”, “Бисёр ҷавони бомаданият, бомаърифат ва хушчақчақ будааст, Ҷонибек. Раҳмат ба падару модараш”,-навиштаанд, корбарон дар зери навор. Ҷонибек Муродов писари Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов мебошад, ки соли 2007 рӯйи саҳна омадааст. Ба гуфтаи худи Ҷонибек, имрӯз ӯ оиладор ва дар канори оилаи худ марди хушбахт аст.