Ҷонибек Муродов 29-уми майи соли 1986 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ба дунё омадааст. Ӯ ба муаррифӣ ниёз надорад, зеро аз хурдӣ ҳамроҳи падараш ҳунарнамоӣ мекарду дар дилу дидаҳо маъво гирифта буд.
Ҷонибек нахуст фаъолияти эҷодии худро аз гурӯҳи “Боло” оғоз кард ва баъдан ба гурӯҳи “Вазир” гузашт. Баъдан, тайи се сол санъати тоҷикро ҳамроҳи Шабнами Сурайё то ба Амрикову Аврупо бурданд. Пас аз оне ки қарордодаш бо Шабнам ба анҷом расид, худаш танҳо баромад мекунад ва аз зумраи беҳтарину шинохтатарин санъаткори кишвар аст. Чанд қисмати ҷолиби суҳбати Мубориз Усмоновро бо Ҷонибек Муродов, ки дар доираи барномаи интернетии “Имшаб” сурат гирифтааст, пешкаши шумо мегардонем.
-Ҷонибек, зиёда аз 15 сол мешавад, ки дар рӯйи саҳна ҳастед. Дар пеши чашми шумо чандин гурӯҳҳо пош хӯрданд, аммо мақоматон болотар рафту ҳеҷ паст нашуд. Сирри муваффақияти шумо дар чист?
-Якум, меҳрубонии Худованд, баъд дуои падару модар, дастгирии мухлисон ва шояд дар ҷои чорум заҳматҳои худам бошад. Ба фикри ман, ҳамин чор чизи асосӣ сабаб шуд, ки дар ҷодаи худ устувор бимонам.
-То ҷое ман медонам, шумо барои сабти албоми нахустинатон мошини шахсиатонро фурӯхта будед, ҳамин тавр?
-Дар зодрӯзам модарам ба ман мошини тамғаи “Nexia” туҳфа карда буданд. Он замон ин мошин хеле машҳур буд. Ҳамон мошинро бо нархи 5 ҳазор доллар ба писари холаам Синоҷон фурӯхта будам, то ки фаъолияти эҷодии худро оғоз кунам.
-Ҳоло гуфта метавонед, ки тахминан то имрӯз барои рушди санъати худ чӣ қадар маблағ сарф кардаед?
-Хеле маблағи калон сарф шудааст. Агар ҳамаи сурудҳо, клипҳо, сафарҳои ҳунарӣ, хулоса, тамоми фаъолияти эҷодиамро ҳисоб кунем, тахминан 2 миллион доллар сарф шудааст.
-Чанд сол қабл бо Шабнами Сурайё ҳамкории муштарак доштед ва сурудҳои бадеҳа низ зиёд месурудед. Чӣ шуд, ки ду сарояндаи номвари кишвар тайи чанд соли охир ҳамкории муштарак надоред?
-Ману Шабнам қарордоди 3-сола баста будем ва аз соли 2007 то соли 2010 якҷоя кор кардем. Баъди ба анҷом расидани қарордод ҳамкории мо низ хотима ёфт. Бисёриҳо овоза карда буданд, ки гӯиё ман Шабнамро ё Шабнам маро машҳур карда бошад. Мо ба мардум нишон додем, ки дар алоҳидагӣ низ машҳур шуда метавонем ва дар ҳақиқат ин корро кардем.
-Падаратон аз шумо розӣ ҳастанд?
-Шумо бояд ин саволро ба падарам медодед, лекин он кас аз ман розӣ ҳастанд ва боварӣ низ доранд. Ҳатто вақтҳои охир то либоспӯшиашон аз ман маслиҳат мепурсанд, ки кадомашро пӯшанду кадомашро напӯшанд.
-Ба касе пӯшида нест, ки як маротиба оиладор шуда, аз ҳамсаратон ҷудо шудаед ва як фарзанд низ доред. Донистан мехоҳем, чуноне ки дар ҷодаи санъат комёб ҳастед, ҳамин гуна дар ҳаёти шахсӣ низ муваффақед ё на?
-Албатта муваффақам, аммо намоиш додани зиндагии шахсии худро дӯст намедорам. Масалан, наметавонам, ки расмҳои занамро дар Интернет гузорам ва ба ҳама нишон диҳам. Сирру асрори шахсии ман бояд аз хонаам берун набарояд.
-Чанд вақт мешавад, ки расман оиладоред?
-Зиёда аз як сол мешавад.
-Як муддати муайян муҷаррад будед ва баъди дубора оиладор шудан, чӣ ҳиссе шуморо фаро гирифтааст?
-Инсон ба хотири се чиз оиладор мешавад: ошиқӣ, хурсандии падару модар ва зиёд кардани насл. Баъди ним соли фикр карданҳо ба қароре омадам, ки оиладор шавам, зеро муҷаррадӣ ҳам ҳад дорад. Имрӯз падару модарам хурсанд ва худаму ҳамсарам хушбахт ҳастем.