Овозхони шинохта ва 34-солаи тоҷик Ҷонибек Муродов барои муайян намудани бемории ҳамагири COVID-19 дар вуҷуди худ, се маротиба тести коронавирус супоридааст. Дар ин бора хабаргузории “Дурбин” иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, натиҷаи тестҳои супоридаи овозхон манфӣ баромадаанд ва ягон нишонаи бемории COVID-19 дар вуҷуди ӯ ба назар намерасад. “Сароянда барои муайян намудани он ки бемории коронавирус ба ӯ таҳдид дорад ё не, тест супорида, акнун дилаш пур аст, ки ӯро касалии COVID-19 таҳдид намекунад”,-навиштааст, “Дурбин”. Барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол мо ба Ҷонибек Муродов муроҷиат намудем, аммо баъди чанд рӯзи интизорӣ посухе гирифта натавонистем.
Парвизбек Муродов, бародари овозхон дар суҳбат бо хабарнигори ҳафтаномаи “Оила”дар ин хусус изҳори бехабарӣ кард. “Ман танҳо дар бораи худам ҳарф зада метавонам. Дар бораи Ҷонибек чизе гуфта наметавонам. Ба худаш муроҷиат кунед, гапатонро ба ӯ мерасонанд ва ҷавоб медиҳанд”,-гуфт, Парвизбек Муродов. Чуноне қайд кардем, муроҷиати мо ба Ҷонибек Муродов бенатиҷа анҷомид. Хонандагони азиз, дар ҳолати пайдо шудани ахбороти ҷадид шуморо дар шумораҳои минбаъда огоҳ хоҳем кард.