Имрӯз, 24 май, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Президент хабар дод.
Гуфта мешавад, иншооти таълимӣ аз 2 ошёна ва 5 қисм иборат буда, бо 27 синфхона, 1 китобхона, 5 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис бо 196 ҷойи нишаст ва ҳуҷраи алоҳидаи тиббӣ барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Ҳоло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93, 400 нафар хонанда таҳсил менамояд.
Ба иттилои манбаъ, синфхонаҳои фаннии физика, химия, математика, биология, технологияи иттилоотӣ ва ғайра бо таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили тахтаҳои электронӣ, проектор ва аёниятҳои замонавии хониш таъмин буда, барои хонандагон шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст. Дар синфхонаи компютерӣ 25 адад компютери тамғаи нав мавҷуд буда, раванди таълим бо истифода аз воситаҳои муосири электронӣ сурат мегирад.
Дар муассиса маҳфилҳои ровиëни ҷавон, бозиҳои зеҳнӣ ва суруду мусиқӣ амал мекунанд, ки дар онҳо хонандагон бо завқу шавқи зиëд иштирок менамоянд. Ошхонаи муассиса дорои шароити хуб аст ва аз 100 ҷойи нишаст иборат мебошад.
“Муассиса бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Гуруҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди идомаи сохтмони мактабҳои миёна” дар деҳаи Файзбахши деҳоти 10 - солагии Истиқлолият дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ бунёд карда шудааст. Корҳои сохтмониро ширкати “Содот сохтмон” бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 оғоз намуда, бо назардошта талаботи соҳаи маориф ва риояи қоидаҳои меъморию сохтмонӣ сифатнок ба анҷом расонидааст”,-навиштааст манбаъ.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои бунёди чунин бинои замонавӣ ва муҷаҳҳаз намудани он бо воситаҳои зарурии таълимӣ изҳори сипос намуда, омӯзгоронро ба ҳисси масъулият дар тарбияи наврасону ҷавонон ва истифодаи самарабахши имконияти мавҷуда ҳидоят карданд.