Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба бозии ниҳоии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» муқобили тими миллии Покистон омодагӣ мегирад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дастаи мо тамринҳои худро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мегузаронад. 22 бозигар ба вохӯрии дарпешистода тайёрӣ мебинанд.
Ёдовар мешавем, ки барои мунтахабҳои Тоҷикистон ва Покистон алакай Ҷоми ҷаҳон-2026 ба анҷом расидааст, чунки дар гурӯҳи мазкур мунтахабҳои Арабистони Саудӣ ва Урдун роҳхати марҳилаи сеюмро ба даст оварданд.
Бозии мунтахабҳои Тоҷикистон ва Покистон рӯзи 11-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 20:00 доир мегардад.