arzon replenishment
Ҷоми ФФТ-2025: 10-уми феврал марҳилаи ниҳоӣ оғоз мешавад
318

Қисмати ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 аз 10-ум то 22-юми феврал дар Душанбе баргузор мешавад. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба даври баъдӣ роҳ меёбанд. Бозиҳо дар майдонҳои асосӣ ва эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегарданд.

Қобили зикр аст, ки барандаи Ҷоми Федератсия бар иловаи ҷом 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дарёфт хоҳад кард. Ғолиби медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дастаи “Равшан” дар финали Ҷоми ФФТ бар “Ҳосилот” бо ягона голи Бахтиёр Зарипов зафар ёфта, бори аввал дар таърих ғолиб шуда буд. “Ҳосилот” соҳиби нишонҳои нуқра ва КМВА барандаи нишонҳои биринҷии мусобиқа гардиданд. Бахтиёр Зарипов аз ҳайати “Равшан” беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД