Sebiston new 2024 october
Олмахон Алиева: Рақс дунёи ман буд
10.09.2024
ОИЛА.ТҶ
1362

- Номи шуморо кӣ гузоштааст?

- Номи маро модарам гузоштаанд. Он кас сарояндаи номдори ӯзбек Олмахон Хайитоваро бисёр дӯст медоштанд ва ба хотири ӯ номи маро ҳамноми ӯ мондаанд.

- Аз чандсолагӣ худатонро ёд доред?

- Аз синни 5-солагӣ худро дар ёд дорам. Инро ба он хотир мегӯям, ки ёдам ҳаст, он замон дар бисёр чорабиниҳо иштирок мекардам.

- Дар кӯдакӣ бозии дӯстдоштаатон чӣ буд?

- Дар хурдсолӣ бисёр лухтакбозӣ мекардам ва ин бозиро хеле дӯст медоштам.

- Бархеҳо дар зодрӯзашон хурсанд мешаванд, ки рӯзи хуб аст, аммо бархеи дигар ғамгин мешаванд, ки як соли умрашон рафт. Шумо чӣ фикр мекунед дар рӯзи зодрӯзатон?

- Бисёр шод ҳастам, ки ба синни 59 расидам. Аз Худованд талаб мекунам, ки ба ман давлати пириро насиб гардонад. Орзу дорам, ки дар синни 60-солагӣ боз як консерти дигар барои алоқамандони ҳунарам баргузор намоям.

РАҚС ТАНҲО ШОДИВУ СУРУР НЕСТ

- Шумо аз ҷумлаи раққосаҳои маъруф ва ҳамзамон пуркору сермаҳсули мо ҳастед. Бигӯед, ки ба дунёи рақс чӣ гуна ворид шудед?

- Аслан, аксари онҳое, ки ба дунёи ҳунар ворид мешаванд, ин шавқу завқро аз замони кӯдакиву наврасӣ дар худ кашф мекунанд. Ман ҳам истисно нестам ва ҳанӯз дар синни хурдсолӣ аз маҳорат доштану рақсро дӯст доштанам бохабар шуда будам. Шавқи зиёди маро модарам дида, хеле дастгирӣ мекарданд ва ҳатто баъзе ҳаракатҳоро меомӯзонданд.

- Баъзан мефаҳмем, ки ба раққоса шудани бархеҳо волидонашон зид будаанд. Аммо медонем, ки падару модари шумо барои рақсро интихоб карданатон зид набудаанд ва баръакс худашон шуморо аз Конибодом ба Душанбе оварда, ба гурӯҳи хурдсолони ансамбли "Зебо" гузоштанд. Ба фикри шумо чаро онҳо зид набаромаданд?

- Аввалан, хеле сипосгузор аз тақдиру волидонам ҳастам, ки чунин буданд ва интихоби маро хуб қабул карда буданд. Онҳо маро дарк карданд ва фикр мекунам бояд ҳама волидон чунин бошанд. Агар фарзандро дарк карда тавонӣ, пас ӯ ҳам аз гапат намебарояд ва даркат мекунад.

- Падару модаратон чӣ касбу коре доштанд?

- Падарам дар роҳи оҳан кор мекарданд. Модарам бошанд, тӯли 17 сол дар колхоз бригадир буданд.

- Рақсро бештар аз кӣ омӯхтаед ва дар ин соҳа киҳоро устоди худ медонед?

- Устодони ман дар рақс Гавҳар Мирҷумаева ва Амонулло Мӯсоев буданд. Асосан ман рақсро аз ҳамин устодони беҳтарин омӯхтаам.

- Шумо муддате дар гурӯҳи рақсии «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев фаъолият кардед. Аз он замон чӣ хотирот доред?

- Аз соли 1986 то соли 2009 дар гурӯҳи рақсии “Ганҷина” бо роҳбарии устод Зафар Нозимов ва Чилахон Холов фаъолият кардаам. Ҳар рӯзи корӣ дар он ҷо хотираи хуб дошт. Мо дар он солҳо бисёр сафарҳои хориҷӣ доштем, аз ҷумла ба кишварҳои Ироқ, Олмон, Фаронса, Норвегия, Эрон ва ғайраҳо.

- Шумо аз ҷумлаи раққосаҳои маъруфу соҳибкасби мо ҳастед, ки чандин рақсҳоро эҷод намудаед. Бигӯед, ки рақсро чӣ гуна эҷод мекунанд ва чанд вақт талаб мекунад ин кор?

- Устод Амоннулло Мӯсоев ба ман ҳаракатҳоро нишон медоданд ва тез аз худ мекардам. Дар мавриди муддати эҷод бошад, рақсе мешуд, ки як рӯз талаб мекард, боз рақсе мебуд, ки ҳафтае болояш кор мекардем.

- Дар эҷоди рақс чанд кас метавонад саҳм гузорад?

- Чун мо гурӯҳӣ кор мекардем, ба 24 нафар як устод роҳнамоӣ мекард.

- Оё рақсҳои эҷодкардаи шуморо раққосаҳои дигар такрор мекунанд?

- Бале, рақсҳои эҷоднамудаи маро раққосаҳо ва сарояндагон такрор мекарданд, ки ман аз ин хурсанд мешудам ва онҳоро ҳамчун шогирд медонистам. Бояд бигӯям, ки сарояндаи хушовоз Файзигул Юсупова ҳаракати китфҷумбонии маро хеле хуб иҷро карда тавонист.

- Барои шумо рақс чист?

- Рақс дунёи ман буд. Раққосагӣ на танҳо касб, балки болотар аз он ва як пораи зиндагиам буд. Орзуву ҳаваси кӯдакиву наврасиям, манбаи зиндагиам ва маънои ҳаётам буд.

- Оё рақсидан шодӣ кардан аст?

- Инро ҳар кас ба таври худ дарк мекунад. Ба фикри ман, дар баробари шодӣ, ғамро ҳам бо рақсидан нишон додан имкон дорад. Рақс танҳо шодиву сурур нест.

- Бо рақс шумо чӣ гуфтан мехоҳед?

- Тавассути рақс ман нозукиву шармгинии духтари тоҷикро нишон додан метавонам.

- Ҳоло банди кадом корҳо ҳастед?

- Ҳоло хонашин ҳастам, замони нафақахӯрӣ расидааст.

- Агар ба қафо нигаред, оё коре кардаед, ки ҳоло афсӯс бихӯред ва пушаймон бошед?

- Ба фикрам аз ягон корам пушаймон нестам.

- Аз чӣ метарсед?

- Аз танҳоӣ ва аз дӯстони бемеҳр метарсам.

- Аз зиндагии доштаатон розиед?

- Бале, ман аз зиндагии имрӯзаам розӣ ҳастам. Шукр, соҳиби фарзандони хуб - Афридун, Фаридун, Дарё, Умедҷон, келинҳои меҳрубон ва чор набераи дӯструяк ҳастам.

- Ин суҳбатамонро чӣ гуна ҷамъбаст кардан мехоҳед?

- Тавре, ки шумо ба табрики ман омадед, ман ҳам мехоҳам аз ин минбари баланд писарам Фаридунро, ки ҳардуямон дар як рӯз таваллуд шудаем, ба муносибати зодрӯзаш табрику муборакбод бигӯям. Зодрӯзат муборак, писарҷонам!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД