Arzon march 2024
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни бонувон муайян шуданд
476

Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ва Ҷашни Наврӯз дар пойтахти кишварамон, шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни бонувони то 17-сола баргузор гашт.

Мусобиқа як ҳафта идома ёфта, дастаҳои духтарони футболбози тоҷик бо ҳамдигар қувваозмоӣ намуданд. Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷамбасти Мусобиқаи Ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни бонувони то 17-сола баргузор гашта, ғолибони мусобиқа соҳиби ҷоизаҳо гаштанд.

Ҷойи аввал насиби духтарони футболбози дастаи “Хатлон-1” гашт. Тими духтарони футболбози “Душанбе”-и шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи дуюм гашта, дастаи занонаи футболи “Хатлон-2” зинаи сеюмро ишғол намуд.

Нӯшофарин Сӯфиева нишонзани беҳтарин, Омина Ҳусейнова бозингари беҳтарин ва Элмира Қаршиева дарвозабони беҳтарин дониста шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД