Ғолибҷон Юсупов яке аз сарояндаҳои ҷавону хушовози кишвар аст, ки бо сурудҳои дилнишинаш ба дили ҳамагон роҳ ёфтааст. Беҳтарин таронаҳоро дар васфи модар ин ҷавони ҳунарманд сурудааст, аз ҳамин хотир дар “Рӯзи Модар” мо бо Ғолибоҷон сӯҳбати ҷолибе оростем.
-Ғолибҷон, дар “Рӯзи Модар” ба киҳо тӯҳфа тақдим мекунед?
-Тӯҳфаи мо-ҳунармандон суруд аст. Кӯшиш мекунам, ки ҳар сол дар иди бонувон барои кулли модарон ва бонувони тоҷик ягон суруди нави пурмазмун тақдим намоям. Ҳамасола дар рӯзи модарон дар чандин чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок намуда, занону духтарони зебои тоҷикро табрик мекунам!
-Мақсади суоли ман занҳои хонадони худи шумо буданд. Қиматтарин туҳфае, ки дар 8-март ба онҳо тақдим кардаед, чи буд ва онро каю ба кӣ тақдим намудед?
-Аввлан, муҳим нест, ки тӯҳфа гаронбаҳо бошад, муҳим он аст ки дили модар аз фарзанд шод гардад. Вақте ки модарҷонам дар ҳаёт буданд, бо як суруди нави худ ва бо як гулдастаи зебо табрик мекардам ва ин ба фикрам қимматарин тӯҳфа барои модарам буд!
-Дар роҳи ҳунар дуои модарро гирифтаед?
-Худоро ҳазорҳо маротиба шукргузор ҳастам, ки дар вақти зинда будани волидайн дуои эшонро гирифтам, алалхусу дуои модарамро! Аввалин мухлисе, ки маро дастгирӣ намуда, бароям илҳом ва рӯҳия мебахшиданд, шодравон модарам буданд.
-Таманниёти Шумо ба бонувони тоҷик?
-Ба фикри ман натанҳо 8-март рӯзи модарону бонувон ҳаст, балки ҳар рӯзи Худо бояд Рӯзи Модар бошад! Фарзандон бояд дар зиндагӣ ба қадри модару падар бирасанд, хизмати онҳоро ба ҷо биёранд ва ба дуои эшон мушарраф гарданд. Рӯзи Модарону бонувон бори дигар муборак бошад! Бигзор модарон ҳамеша сиҳату саломат ва дуогӯӣ фарзандон бошанд!