Оилаи Камоловҳо аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд шаҳодатномаи “Китоби рекордҳои Русия”-ро ба даст овардаанд. Дар ин бора Оҷонсии иттилоотии “SugdNEWS” хабар додааст.
Марафони мусиқавии “Мусиқии Ғалаба” давоми ду рӯз, санаҳои 8-9-уми майи соли равон ба таври онлайн баргузор шуда буд. Дар маҷмӯъ, барои иштирок дар марафон 4152 дархост пешниҳод шуда, барои гузоштани рекорд 14 456 нафар иштирок намудаанд. Навори марафони мазкурро бошад, дар ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 25 453 707 нафар тамошо кардаанд. Дар марафон оилаи Камоловҳо аз шаҳри Хуҷанд низ ширкат варзида буданд. Овозхони маъруфи тоҷик Ҳасан Камол, писари овозхонаш Шерози Камол ва духтараш Паричеҳраи Камол сурудеро бо забони русӣ тариқи онлайн суруда, шаҳодатномаи марафонро барои иҷрои беҳтарин ва машҳуртарин суруд ба даст оварданд.
Онҳо суруди “Рӯзи Ғалаба” (“День Победы”)-и шоир Владимир Харитонов ва оҳангсоз Давид Тухмановро иҷро карда буданд ва баҳои баландро савозор гардиданд. Ҳасан Камол дар саҳифаи фейсбукии худ ба ташкилкунандагони чунин як чорабинии хотирмон дар давраи пандемияи коронавирус изҳори миннатдорӣ кардааст. “Мо ба сармуҳаррири “Китоби рекордҳои Русия” Станислав Коненко барои шаҳодатномаи додашуда бахшида ба “Рӯзи ғалаба”-и бузург, миннатдории худро мерасонем.
Ташаккур барои даъват ба марафони мусиқавии онлайн, ки 75-солагии “Рӯзи ғалаба” бахшида шуда буд. Барои мо-оилаи Камоловҳо иштирок дар он шараф буд”,-навиштааст, Ҳасан Камол. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ овозхон ва фарзандонашро бо ин дастовард шодбош гуфтаанд.