Formula novemver 2024
Қоидаҳои асосии нигоҳубини рӯй
1235


Ин маслиҳатҳо ба шумо кӯмак мекунанд, ки пӯсти рӯйи худро дуруст нигоҳубин намуда, ҳамеша ҷавону зебо ва дилкашу ҷаззоб бимонед.

 

Рӯйро чанд бор мешӯянд?

Дар як рӯз ду маротиба-саҳар ва шом рӯяро ҳатман шустан лозим аст. Субҳ рӯ ба тоза кардан ниёз дорад, зеро дар вақти хоби мо пӯст ба кори худ идома медиҳад ва чарб ҷудо мекунад. Пеш аз хоб мо натанҳо чарби пӯст, балки чангу хокеро, ки дар давоми рӯз ба рӯй часпида буд, хориҷ мекунем. Агар шумо аз малҳамҳои офтобӣ ё ороиш истифода баред, беҳтар аст, ки ду марҳиларо иҷро кунед: аввал ороиши рӯйро тоза кардан лозим ва сипас рӯятонро мустақиман бишӯед.

Ороишотро и хел тоза мекунанд?

Дар бастаи бисёр маҳсулот навишта шудааст, ки онҳо дар як вақт маводи ороиши (косметика) - ро мешӯянд, вале на ба ваъдаҳои истеҳсолкунанда, балки ба чашмони худ бовар кардан лозим аст. Маҳсулот барои шустан бояд ба қадри кофӣ нарм бошад. Барои санҷидан, ки малҳами тозакунанда чӣ гуна ороишро тоза мекунад аввал онро дар рӯй молед ва сипас бо латаи пахтагин бо оби мицеллярӣ рӯйи худро тоза кунед.

1 - Оби мицеллярӣ

Аввал бояд оби мицеллярӣ ё гелро ба латаи пахтагин молида, рӯйро хушк кунед. Рӯйро бо ҳаракатҳои нарм тоза кардан лозим аст. Ороишро тавре тоза кунед, ки пӯстро кашиш надиҳед. Бо осоиши аз ҳад зиёд ё ҳаракатҳо сахт пӯстро тоза накунед.

2 - Гель.

Онро бояд аз найча ё шиша дар кафи даст фишурда, бо каме об кафк карда, баъд рӯятонро бишӯед. Гель моеътар аст ва ба пӯст осонтар ҷаббида мешавад. Гелҳо ба пӯст зуд ва амиқ ворид шуда, намнокии фаврӣ таъмин мекунанд. Онҳо сӯрохиҳоро намебанданд ва рӯйро часпак намекунанд.

3 - Шир барои шустани пӯсти рӯй

Ин восита одатан барои тоза кардани равғани рӯй аст, ки ороишро хуб тоза мекунад. Он одатан барои одамоне, ки пӯсти хеле хушк доранд, тавсия дода мешавад. Матои пахтагинро ба шир тар мекунем ва бо он рӯйро тоза мекунем, 10 дақиқа меистем ва сипас бо матои пахтагин ё матои мулоим рӯйро тоза кунед.

4 - Собун.

Амалан ҳеҷ кас набояд рӯи худро бо ҳаргуна собун бишӯяд. Бо ҳар гуна собун рӯйи худро шустан барои пӯсти рӯй хеле хавфнок аст. Истифодаи собун метавонад боиси мушкилоти нав - беобӣ гардад. Мо бояд аз собунҳое ки дар дорухонаҳо ҳастанд аз он гуна собунҳо истифода барем

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД