Оид ба барномаи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ вохӯрӣ доир гашт
22.12.2025
Oila.tj
72

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи босамари “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ҷиҳати муаррифии таҷрибаи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ дар панҷ шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар доираи амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми июли соли 2024, №438 вохӯрии техникӣ оид ба барномаи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ баргузор гашт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар вохӯрии техникӣ муовини вазири тандурусӣ Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири молия Сарвар Қурбониён ва дигар мутасаддиён ширкат варзидаанд.

Қайд гардидааст, ки ҳадафи асосии ҷаласа фароҳам овардани заминаи муколамаи касбӣ ва созанда байни мақомоти марказӣ, намояндагони минтақаҳо ва шарикони рушд ҷиҳати муайян намудани қадамҳои минбаъдаи ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ мебошад.

Зимни вохӯрии мазкур доир ба таҷрибаи ислоҳоти механизми нави маблағгузории тандурустӣ дар вилояти Суғд Абдураҳмонов М. И., сардори шуъбаи механизми нави маблағгузории Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва дар масъалаи харидҳои стратегӣ ва маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон: моделҳои институтсионалӣ ва имкониятҳои фискалӣ намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон маълумот додаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД