Arzon accountant
ОҲИ МЕҲРОНА ҶАСУРРО ГИРИФТУ...
20.01.2021
ОИЛА
4957

 

Ҷасур! Фикр кардӣ бо бадгӯиҳоят маро бадном мекунию касе ба занӣ намегирадам?! Хато мекунӣ! Ҳоло ист, чунон тӯю тамошо ороста шӯ мекунам, ки даҳонат кушода мемонад, номард! Он вақт содда будам, ки ба ту дил баста, дар ғамат месӯхтам! Ҳайфи муҳаббату меҳрубониҳоям! Садқаи номи мардӣ шавӣ, шайтонсират.

Зан гирифтӣ, табрик! Намаки дӯстдории ман туро заду бо як зани зуқоқ хонадор шудӣ. Пулдори калонӣ, лекин дар хонаат баробари патаки калӯш қадру қиммат надорӣ. Бо шунидани ин хабар чунон хандидам, ки дербоз ин хел хандаи баланд назада будам. Занкалон, мурданат беҳ аз ин ҳол! Дар пеши ман воҳима мекардӣ, ҳарифӣ менамудӣ, ба як аҷинасурати қишлоқидухтар гапат намегузарад. Дар деҳа бо занкалонӣ ном баровардай.
Дар куҷое меҳмон шавам аз хонаводаи шумо гап оғоз мекушоянд, хусусан гирди номи ту. Лақаби «занкалон» муборак бошад!
Меҳрона

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД