Arzon march 2024
ОҲИ ДУНЁСӮЗ (ҚИСМИ2)
08.12.2020
Дилошӯб
5509

ИДОМААШ...

Савсан пас аз шашмоҳа шудани Шаҳбози зебоякаш ба кор даромад, зеро оташи ҷанг хомӯш шуда бошад ҳам, ҳанӯз дар мамлакат қашшоқӣ ҳукмрон буд. Модараш писарчаи ӯро парасторӣ мекарду Савсан рӯзи дароз дар беморхона кор карда, ризқу рӯзии аҳли оиларо мерасонд.

Харидорони ин духтури зебо аз мӯйи сараш зиёд бошанд ҳам, вай дигар ба шавҳар баромадан намехост, зеро кашидани бори зиндагии модар ва хоҳарону додаракаш бар дӯши ӯ буд. Савсан намехост ба шавҳар баромада онҳоро дар ин рӯзҳои душвор танҳо гузорад, зеро худро дар назди арвоҳи падари бузургаш қарздор эҳсос мекард. Ҳамин тавр чанд сол кор карда бо пули меҳнати ҳалолаш ду хоҳарашро бо обрӯ ба шавҳар дод, додарашро бошад ба донишгоҳ дохил кард. Модараш қариб ҳар рӯз гӯшзад мекард, ки ягон одами хубро ёфта ба шавҳар барояд, зеро ҳанӯз ҷавон аст, аммо мурғи дили Савсан кайҳо мурда буд ё лонаи вайронаашро тарк карда…


Хостгории аҷиб

Як рӯз сардухтур онҳоро ҷамъ карда хабар дод, ки аз Вазорати тандурустӣ олими намоён Аҳад Содиқ ба ноҳияашон омада як ҳафта бо табибон машварат мегузаронад. Рӯзи дигар аз соати нуҳи субҳ то дувоздаҳ онҳо аз суҳбати Аҳад Содиқ баҳра бурданд. Ин марди айнакии тоссар бисёр босавод будааст. Савсан бори аввал медид, ки сари тос ба соҳибаш ин қадар салобат бахшад. Олим чунон олуфта буд, ки гумон мекардӣ ҳамин ҳоло либосҳояшро аз мағоза гирифта пӯшида омадааст. Хулоса як ҳафтаи барои дарсҳои Аҳад Содиқ ҷудо карда ба охир расиду табибон ба хотири устодашон шабнишинӣ оростанд. Маърака дар хонаи сардухтур мегузашт, дар айни ҷушу хуруши суҳбат тарошаи аз бом афтидагӣ барин Аҳад Содиқ гуфт:

-Ҳамкасбони азиз, ман барои меҳмоннавозиятон аз шумо миннатдорам. Мехоҳам рози диламро ба шумоён кушоям. Ману ҳамсарам панҷ сол боз ҷудоем, ӯ шавҳар карда дар Эрон зиндагӣ мекунад, духтарчаамонро бо худ бурдааст…

Бо эҳсос сухан кардани ин марди ҷиддиро дида ҳама гӯшу ҳуш шуданд. Барчинойи лақай, ки духтури бачаҳо буд, оҳиста ба гӯши Савсан гуфт: «Бечара маст шд чи бала». Аҳад Содиқ бо ҳамон оҳанг суханашро давом дода, ниҳоят сари мақсад омад:

-Ман фаҳмидам, ки зеботарин духтури ноҳияи шумо Савсанбону низ аз бахти оилавӣ бенасиб будааст, агар розӣ шавад, ман ӯро бо худ ба Душанбе мебарам!

Савсан моту маҳбут ва пакар шуда монд. Барчиной пойи ӯро пучиду ба Аҳад Содиқ нигариста гуфт:

-Ё тоба, о-Савсана сохибаш ҳай, мо чӣ хел ӯро метем шумо Душанбе мебаред…

Худи ҳамон шаб Аҳад Содиқ ҳамроҳи раиси ноҳия ва сардухтур ба хонаи холаи Нигор хостгорӣ рафтанд…  

Бахти дуюм

Холаи Нигор кӣ будани домодшавандаро шунида аз Савсан ҳатто напурсид, ки мехоҳӣ ё не. Бечора модарро дилаш ба духтаракаш месухт. «Мардак барин чанд сол барои хоҳарону додаронаш хизмат кард, акнун, ки ҳамин хел марди хуб талабгораш шудааст, бигузор шавҳар карда роҳати зиндагиро бинад» бо ҳамин андеша модар хостгориро қабул кард. Ҳарчанд Савсан зорӣ мекард, ки очаҷон шумо бе ман чӣ кор мекунед, вале холаи Нигор бо як ҷиддият гуфт:

-Ман ҳоло дасту по дорам, кор карда мехӯрам, баъди як сол пас додарат донишгоҳро хатм мекунад, ӯро хонадор мекунам, боз Шаҳбозакам…

-Оча, ман писарамро бо худ мебарам,-гапи модарашро бурид Савсан.

-Майлаш бачам, аввал рав, худат ҷо ба ҷо шав, баъд писаратро мебарӣ,- насиҳат кард модар.

Шаҳбоз, ки аз модараш дида бибияшро бештар дӯст медошт, ин гуфтугӯро шунида ба бибияш ҷафс шуд…

Як ҳафта пас Аҳад Содиқ бо туҳфаҳои зебо ба деҳа омад ва Савсанро никоҳ карда бо худ ба шаҳр бурд.

                                 Ноосуда…

Ҳамин тавр Савсан ба остонаи хонаи шавҳари дуввум қадам ниҳод, вале дар ҳавлии бошукуҳи олим, ки ба қасрҳои афсонавӣ монанд буд, худро ҳақиру бечора дарёфт. Аҳад Содиқ марди инҷиқу олуфта ва худпарасте будааст, вай ҳар саҳар мисли занон як соат дар назди оина истода худро орою торо медод, ба рӯяш ҳар гуна малҳамҳо мемолиду ба танаш атрҳои қимматбаҳо мепошид. Як қутича пур ангуштаринҳои ҳархела дошт, ки онҳоро ранго ба ранг дар дасташ мекард. Ҳамроҳи занаш ба ягон маҳфил рафтанӣ шаванд, албатта ба Савсан ягон айб ёфта ӯро паст мезад, ҳол он ки аҳли маҳфил бо дидани зани ҷавону зебои ин тоссари худпараст дар ҳайрат меафтиданд. Савсан тамоман ба шавҳари олимаш меҳр надошт, аз ин рӯ на дар клиникаи машҳуре, ки ӯ кор мекард, балки дар як беморхонаи оддӣ ба кор даромад. Аз зиндагияшон як сол гузашта бошад, ҳам ӯ кӯшиши овардани писарчааш Шаҳбозро намекард, зеро медонист, ки дар ин қасри афсонавӣ ҳоли кӯдакаш табоҳ хоҳад шуд. Шавҳараш ҳар рӯз аз зери нохун чирк кофта «ту дарро нодуруст мекушоӣ, дар ҳаммом тораи мӯят мондааст, қоғази ташнобро бисёр истифода мебарӣ» гӯён ҷонашро ба лабаш меовард. Рӯзе набуд, ки ин марди аблаҳ ӯро гирён надарорад. Ба дидани Шаҳбозаш рафта баъзан дарди дил мекард. Модараш найрангҳои домоди пирро шунида мегуфт:

-Савсанҷон, баро аз ҳамон яккамахав, сари калаш дар қабристон, дилу ҷигаратро хӯрд!

Савсан дар ҷавоб талх табассум мекарду халос…

ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД