Sebiston new 2024 october
ҶОДУГАР (ҚИСМИ 2)
5003

(ИДОМААШ)

Холаи Зайнаб аз таънаю маломати авсунаш ҷонбезор шуда келину писарашро барои ташхису табобат ба пойтахт фиристод. Мансуру ҳамсараш қариб як моҳ дар шаҳр монда, аз назорати духтурони номдор гузаштанд, вале ягон табиб дар ин ҷуфти ҷавону зебо иллатеро пайдо накард. “Саломатии ҳардуятон хуб аст, ҳатто газак надоред. Камтари дигар тоқат кунед, албатта фарзанддор мешавед”,- бо дили пур ваъда доданд табибони машҳур.

Дар орзуи фарзанд

Мансуру Гулбарг бо дили пур ба хона баргаштанд, вале аз байн боз панҷ соли дигар гузашту нахли умрашон ҳеҷ боровар нагашт. Гулбарги нозанин дар ғами фарзанд мисли ҳезуми тар дарун ба дарун месӯхт, вале сир бой намедод. Ҷавонзан айбро дар худ дониста чанд маротиба ба Мансур пешниҳоди ҷудошавиро намуд. “Умри ҷавонатонро беҳуда бо мани безурриёт нагузаронед. Намехоҳам садди роҳи хушбахтии шумо гардам. Беҳтараш ҷавоби маро дода зани дигар бигиред, шояд соҳиби фарзанд мешавед”,- буғзи дар гулӯяш печидаро базӯр фурӯ бурда, мегуфт вай ба шавҳараш, аммо ҷавоби Мансур якто буд: “Гулбарг, як умр бе фарзанд монам ҳам, ман аз ту ҷудо намешавам!” Холаи Зайнаб умедашро аз наберадор шудан наканда, ҳар рӯз келини зебою меҳрубону меҳнатиашро дар ба дари духтуру муллою фолбину табибони номдор мегардонд, аммо суде набуд. Мансуру Гулбарг дар зарфи 20 соли бефарзандӣ тамоми дороияшонро сарф карданд, вале ба муроди дил нарасиданд. Мансуру Гулбарг то ҳадде ба фарзандони мардум меҳрубон буданд, ки ҳаваси дигар муаллимон меомад. Директори мактаб Қосим-ако, ки марди дунёдида буд, ангушти ҳайрат газида мегуфт: “Ин зану шавҳари хирадманд ҳатто мӯрчаро озор намедиҳанд, аҷиб, чаро худованд онҳоро аз беҳтарин неъматаш маҳрум карда бошад?!” Ба ин савол худи Мансуру Гулбарг низ солҳои сол ҷавоб меҷустанд, вале ин сир кушода нашуд, то рӯзе, ки янгаи Мансур-Зуҳрохон сактаи дил шуда ба бистари беморӣ афтид.

Занги пуризтироб

Ҳамон бегоҳ Мансур торт ва шириниҳои зиёде харид ва аз духтараки гулфурӯш як даста гули садбарги сурх гирифта сӯйи хона равон шуд. Ин марди ба нохуни фарзанд зор мехост ҳамсари дар ҳасрати бача обу адошудаашро андаке бошад ҳам, шод созад. Нав дастурхон партофта буданд, ки садои телефон баланд шуд. Мансур гӯшакро бардошту лаҳзае пас бо рангу рӯйи кандагӣ ба Гулбарг хабар дод:

-Ҳолати янгаи Зуҳро бисёр вазнин шудааст. Пеш аз маргаш ба ману ту як гапи муҳим доштааст. Зуд либосҳоятро пӯш, меравем!

Сирри фошгашта

Вақте ки Мансуру занаш аз дар даромаданд, хонаи раҳматии амакаш аллакай пур аз одам буд. Зуҳрохон дар талвосаи ҷонканӣ худро гоҳ ба ин тараф мезаду гоҳ ба он тараф, духтаронаш лабони порсингбастаи модари беморашонро тез-тез бо пахта тар карда, оби дида мерехтанд. Мансуру Гулбаргро дида чашми бемор гӯё равшан шуд ва базӯр овоз бароварда гуфт:

-Мансурҷон омадӣ? Наздиктар шин, ман ба ту гап дорам.

Бо дидани ҳоли зори янгааш дар чашмони Мансур ашк ҳалқа зада дар паҳлуи бистари бемор диккак нишаст ва мӯйҳои барф барин сафедашро силакунон тасаллӣ дод:

-Зиқ нашавед янгаҷон, пагоҳ шуморо ба духтур мебарем, худо хоҳад як-ду ҳафта табобат гирифта, сип-сиҳат мешавед!

-Ман дигар сиҳат намешавам. Ҷогаҳи марги ман аст ин бистару болин. Писарам, илтимос, маро бубахш! Ту маро набахшӣ, дар он дунё ҳам осудагӣ надида ба оташи пурсӯзи ҷаҳаннам меафтам,-дасти Мансурро маҳкам дошта, зорӣ намуд Зуҳрохони бемор бо чашмони пурашк.

-Шумо моро бубахшед янга, чунки аз мо калон ҳастед ва аз дастатон солҳо нону намак хӯрдаем,-Мансур пичаҳои янгаашро сила кард.

-Маро бубахш писарам, чунки дар назди ту ва занат гунаҳкорам. Бист соли ҳаёти шумоёнро мани аблаҳ сӯзонда, зиндагиатонро ба дӯзах табдил додам. Бо айби ман шумо дар ҳасрати фарзанд як умр сӯхтед.

Мансуру Гулбарг ин суханҳои Зуҳрохонро ҳазён гумон карданд, вале Зуҳрохони бемор дасти онҳоро маҳкам дошта таъкид кард:

-Ин гапҳои маро сафсата гумон накунед. Танам бемор бошад ҳам, ақлам дар ҷояш, чӣ гуфтанамро медонам. Давомашро гӯш кунед:

-Вақте ки ту духтари маро рад карда Гулбаргро ба занӣ гирифтӣ, аз алам ба худ ҷойи нишаст наёфта ба назди муллои ҷодугар рафтам ва пули калон дода, роҳи фарзанди шумоёнро бастам. Мулло дар қулф ҷоду хонда фармуд, ки онро бурда ба дарё партоям. Ҳамон вақт мулло Раҳим таъкид карда буд, ки ҷодуи кардаашро дар тамоми дунё ягон кас кушода наметавонад. Мулло Раҳим ду сол пеш мурд, акнун навбати ман ҳам фаро расид. Ҳамин, ки ҷони ман баромад, ҷоду худ аз худ кушода мешавад ва шумо соҳиби фарзанд мешавед...

Зуҳрохон инро гуфту як бор сахт ларзид ва абадан чашм пӯшид. Духтару келинҳояш гиряву нолакунон хонаро ба сарашон бардоштанд. Гулбарг кӯшиш намуд, ки ба бинии бемор спирти нашотир дошта ӯро ба худ биёрад, вале ҷон аллакай ҷисми пургуноҳи зани ҷодугарро тарк карда буд.

Пайғоми мурод

Чили янгааашро дода буданд, ки аҳволи ҳамсари Мансур буд шуд. Гулбарг мадори аз ҷой бархостан надошт ва ҳатто оби нӯшидаашро қай мекард. Холаи Зайнаб ба ташвиш афтида ҳамроҳи писараш келинашро ба назди духтур бурд. Табибон Гулбаргро ташхис намуда, хушхабари деринтизорро расонданд.

-Табрику мекунам, шумо ба наздикӣ падар мешавед!

Бо шунидани ин сухани духтур замину осмон дар назари Мансури бист сол дар ҳасрати фарзанд сӯхта ба гардиш даромад ва ҷавонмард курсиро маҳкам дошт, то беҳуш шуда наафтад. Гулбарг бошад, аз шодӣ гиря мекард.

Писар ё набера?

Гулбаргу Мансур соҳиби ду шоҳписар шуда, худро хушбахттарин волидони дунё меҳисобанд. Муҳаммадҷони чорсолаву Аҳмадҷони дусола бо хандаю шӯхиҳои кӯдаконаашон кайҳо ба захми дили падару модарашонро малҳам ниҳодаанд, вале як чиз Мансуру Гулбаргро андаке меранҷонад. Аксаран одамони ношинос ин зану шавҳари ба мӯяшон сапедӣ дамидаро дар кӯча бо фарзандонашон дида мегӯянд:

-Инҳо набераҳоятон? Бачаҳои хушрӯю ширинаку боодоб будаанд!

Ин суханон мисли ханҷар ба дили зану шавҳар мехаланд ва оҳи сард кашида мегӯянд:

-Эҳ, агар янгаи Зуҳро моро ҷоду намекард, шояд ҳоло дар ҳақиқат бибию бобо мешудем, вале...


АНҶОМ!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД