Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Суғд ҳукми суди модару писар, сокинони ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфараро, ки моҳи сентябр ҷинояти одамкушӣ бо дасти зархарид (киллер)-ро амалӣ карданӣ буданд, содир кард.
Тибқи талаботи моддаи 32 қисми 3 ва 104 қисми 2 и КҶҶТ Қодирова Ҳамрохон Очилбоевна ва писараш-Валиев Неъматҷон ба муддати 15 солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.
Пас аз он ки дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ муносибатҳои Ҳамрохон Қодирова бо шавҳараш Валиев Абдунабӣ бад мегардад, мард пинҳонӣ аз ҳамсараш дар хонаи бародараш-Абдусалом Валиев бо шаҳрванд Гулафзо Тешаева ақди никоҳи мусулмонӣ мебандад. Қодирова аз зани дуюм гирифтани шавҳараш бохабар шуда, хусурбача (ҳевар) ва ҳамсари ӯ- Мамадаминова Мунираро низ барои мусоидат ба никоҳи шавҳараш бад мебинад, илова бар ин байни ин зан ва додаршӯяш аз сабаби то ба охир ҳуҷҷатгузорӣ карда нашудани манзили истиқоматӣ ҷангу нофаҳмиҳо зиёд мешудааст ва ин ҳама кинаву адоват боиси он мегардад, ки вай аз пайи қасосгирӣ шавад. Зан барои нобуд кардани ҳамсари пинҳонии шавҳараш ва додаршӯю зани ҳевараш дар пайи ҷустуҷӯйи одамкуши зархарид мешавад.
Мехост ҳарду кундошашро кушад
Қодирова Ҳамрохон модар се фарзанд бошад ҳам, баъди зан гирифтани ҳамсараш-Валиев Абдунабӣ моҳи сентябри соли 2021 бо Сониев Далерҷон шиносоӣ пайдо карда, баъди вохӯриҳои зиёд бо номбурда никоҳи мусулмонӣ мебандад, аниқтараш зани дуюми ин мард мешавад. Дере нагузашта ҳамсари Сониев аз ин бохабар мешавад ва бо Қодирова тариқи телефон муноқиша мекунад, ки шавҳари ӯро ба ҳоли худаш монад. Дар дили Қодирова ҳисси интиқом ҷӯш зада, мехоҳад зани якуми шавҳари дуюмашро низба он дунё фиристад. Ҳамин тавр моҳи апрели соли 2022 ин зан бо мақсади ташкили одамкушӣ ба ҷамоати деҳоти Ворух рафта, бо Иғболов Ҷонибек во мехӯрад ва ӯро барои куштори се тан аз пайвандони шавҳари якум ва ҳамсари шавҳари дуюмаш моил месозад ва ваъда медиҳад, ки агар ҷинояти кушторро анҷом дода, ҷасадҳоро акс гирифта фиристад ба ӯ 5 ҳазор доллар медиҳад.
Иғболов тибқи нақшаи амалиёти кормандони фаврии милитсия худро дар назди Қодирова ҳамчун одамкуши касбӣ нишон дода, аз номбурда барои пурра иҷро кардани амал 5 ҳазор долларро талаб мекунад.
Қодирова барои дастрас кардани акси баробари шавҳараш ва ҳамсари ӯ писараш-Валиевро вазифадор мекунад, ки пинҳонӣ акси онҳоро гирад то ба “ қотилони зархарид” дастрас кунад.
Дар аввал ин зан тариқи корти Душанбе-сити ба Иғболов 18 ҳазор сомонӣ ипардохта намуда, мегӯяд, ки боқимондаи маблағро баъди дидани аксу навори ҷасадҳо медиҳад.
26-июн Иғболов дар якҷоягӣ бо кормадони мақомоти милитсия саҳнаи кушторро ташкил карда, нафаронеро, ки Қодирова мехост бо дасти ӯ кушта шаванд, гӯё кушта ба бағоҷи мошин бор карда, сурат ва навор гирифта ба ӯ мефиристад.
Ҳамин тавр худи ҳамон рӯз аз ҷониби корманлони мақомоти милитсия модару писар барои ташкили ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуданд.
Айни ҳол тибқи талаботи моддаи 32 қисми 3 ва 104 қисми 2 и КҶҶТ Қодирова Ҳамрохон ва фарзандаш Валиев Неъматҷон ба муддати 15 солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.