Vegapharm
“ОЧА НОН ДЕҲ”-НОЛАИ ҶОНГУДОЗИ ТИФЛАКОН ВА РӮЗИ СИЁҲИ ЗАРИНА
23.12.2020
Р. Азимӣ
3812


- Ассалому алейкум! Ин телефони “Оила”?
- Бале, апаҷон! Шуморо гӯш мекунем!
 Ман як модари танҳо, як зани ҷафокашида, як нафаре, ки муддати зиёд аст, ки аз ду пойи равон маҳрум шудаам. Исмам Зарина. Заринаи дарду ғам, заринаи аз ғӯсса ҷонаш ба лаб расида...

Солиёни зиёд аст, ки ман бо асобағал бо як азоб роҳ мегардам. Касе надорам, ману кӯдаконамро зери қанот гирифта, барои беҳбудии зиндагиям дасти мадад расонад.. Модари ду писарча мебошам, ки яке 15 - сола ва дигаре 10 –сола аст. Падару модарам  кайҳо аз дунё гузаштаанд. 

Дирӯз бо дарди бедавои сутунмӯҳра тамоман ҳолат бад гашт ва намедонам афтону хезон бо сад азоб чӣ гуна ба дари беморхона омадам. Як ғами бепулӣ аз сӯйи дигар доруву дармон хароҷоти калон талаб мекунад. Бар зами ин ҳама ду писарчаам гурснаву ташна дар хона оча мекобанд. Писарчаи хурдиям чанд муддат пеш занг зада, бо гиря “оча нон, оча авқот надорем” -гуфта зор зор гиря кард. Бо шунидани гиряи бачаам ҷигарам садпора шуд. Дигар чӣ гуфтанамро намедонам, додарҷон! (Зарина дар идомаи сӯҳбат чунон гиря мекард, ки дили санги хоро об мешуд).

Зарина Қурбонова модари ду фарзанд буда, ҳар ду ҳам мактабхонанд. Падару модараш кайҳо ин олами фониро тарк намудаанд. Шавҳараш низ “бо зани маюб умре сарамро сафед намекунам“ – гуфта, ӯро бо ду фарзандаш партофта рафтааст. Аз ҳамон вақт инҷониб Зарина ҳамроҳи бачаҳояш дар иҷора мешинад. Тавре, ки худи ӯ мегӯяд: “маблағи иҷора 500 сомонӣ аст. Онро ҳар моҳ аз мо талаб мекунад. Сарамро ба сад дар зада, пул мекобам, то соҳибхона аз дараш наронад. Писарчаи калониам 15 сол дошта бошад ҳам, вале ӯ баъди дарс ароба мекашад”.

Хонандагони азиз! Биёед сар аз гиребон бароварда, дасти ёрии хешро ба ин оилаи муҳтоҷ, ба ин зани дардмонд ва фарзандони хурдсолаш дароз намоем!

Нафароне, ки имкони кӯмак кардан доранд метавонанд ба рақами 927761809 занг зананд ё ба беморхонаи шаҳрии № 1 ба аёдати бемор раванд. Зарина Қурбонова дар  палатаи 6 бистарӣ гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Амир 2021-03-04, 21:52
Давоми мурдаро зинда кардаро нависед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Амир 2021-03-04, 21:52
Давоми мурдаро зинда кардаро нависед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД