Arzon march 2024
Оча чӣ гуна , духтар намуна (қисми 2)
3077

 

(Давомаш)

Пешхизмат дари утоқро нишон доду ба қафо гашт ва Мадина бошад, пас аз тақ-тақ кардани дар, онро кушода ҷавони хуш қаду қоматеро дар рӯ ба рӯяш диду моту маҳбут шуда монд. Дигар худро ба даст гирифта наметавонист. Он ҷавон бо ҳусну ҷамол ва қаду қомати расояш ҳуши Мадинаро рабуда буд.

-Марҳамат, шуморо гӯш мекунам. Агар ягон хизмат бошад, бифармоед, хонуми зебо,-ҷавон низ аз дидани чунин меҳмони нохонда каме даступохӯрда шуд, вале худро ба даст гирифта, сир бой надод. Бодиққат Мадинаро гӯш мекард ва чунин сайди ба дом афтодаро ба осонӣ раҳо кардан намехост.

-Ман вай,-забони Мадина мепечид ва ҳаяҷони зиёд ӯро фаро гирифта буд.-Ман, ман барои кор ба назди шумо омадам,-ниҳоят бо як ҷумлаи бесару нӯг мақсадашро фаҳмонида дод.

-Яъне, шумо дар ошхонаи мо кор кардан мехоҳед, ҳамин тавр?-мақсади Мадинаро ҷавон пурратар намуд.

-Бале, бале. Ман ба ҷои кор сахт эҳтиёҷ дорам. Илтимос, хоҳиши маро рад накунед. Чӣ кор буданаш муҳим нест, муҳим он аст, ки ман соҳиби ҷои кор бошам,-Мадина ҳаяҷонро каме аз худ дур намуда, озодтар бо он ҷавон гап мезад.

-Масалан, аз дасти шумо чӣ кор меояд? Ман кадом корро ба шумо бовар карда метавонам? Аз ӯҳдаи иҷрои кадом кор ба хубӣ мебароед, хонуми зебо?

-Ростӣ, намедонам, ҳар кореро, ки шумо бароям лоиқ донед, ман мекунам. Фақат ҳаминро бояд қайд кунам, ки ман ҳоло хонандаи мактаби миёна ҳастам ва коре бошад, ки ман онро пас аз дарс анҷом диҳам.

-Шумо хонандаи мактаби миёна?-ҷавон дар ҳайрат афтод, ки хонандаи мактаби миёна чӣ тавр метавонад чунин хушқаду қомат ва зебо бошад, яъне мисли арӯсон.-Дар синфи чандум мехонед?-ба суханаш идома бахшид ҷавон.

-Имсол синфи нӯҳро тамом кардам!

Ҷавон як ба гирду атроф назар афканд, ки Мадина ҳоло ҳам дар пеши дар рост истодааст.

-Марҳамат карда, дар ин ҷо нишинед,-ба курсии дар пеши миз истода ишора намуд ҷавон ва суханашро давом дод,-шарм накунед, охир мо дигар бегона нестем-ку. Марҳамат, ин тавр бемалол суҳбат карда, ба қароре меоем.

Мадина “ташаккур” гуфта, ба курсии ишора кардаи ҷавон нишаст ва акнун аз пештара дида худро хеле озодтар ҳис мекард. “Он қадар ҷавони бад набудааст-ку! Одатан раисҳо назарашон одамони оддиро намегирад, аммо ин дигархел аст...”,-аз дил гузаронид Мадина.

“Он қадар духтари бад не, зебояк. Ман бо ин метавонам якчанд муддат кайфу сафо бикунам. Луқмаи тайёрро фурӯ набурдан нишонаи камақлист”,-аз дил гузаронид он ҷавон ва замони аз дар даромадани Мадина пайхас карда буд, ки он қадар духтари хубу пок нест, танҳо зебо асту халос.

-Номи ман Хуршед,-баъди ба курсӣ нишастани Мадина худро муаррифӣ намуд он ҷавон, ки Хуршед ном доштааст.

-Номи ман Мадина!

-Ооо, бисёр номи зебо. Аз шиносоӣ бо шумо шодам!-Хуршед чунон бо меҳру муҳаббат ва самимӣ сухан мекард, ки гӯё Мадинаро аз хурдсолияш мешинохта бошад.

-Ташаккур! Ман ҳам шодам!

-Шумо чӣ менӯшед? Чой ё ягон нӯшокӣ фармоиш диҳам?-пурсид Хуршед.

-Нӯшокӣ беҳтар аст...

Хуршед гӯшаки телефонро бардошта, нӯшокӣ фармоиш дод ва пас аз чанд дақиқа пешхизмат хоҳиши онҳоро дар наздашон муҳайё кард.

-Синфи нӯҳро тамом кардам, гуфтед-а?-Хуршед ба мавзӯи суҳбаташон баргаштан хоста, дубора аз Мадина пурсон шуд.

-Бале, имсол хатм кардам.

-Бубахшед, агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки дар ин синну сол чӣ шуморо ба кор кардан маҷбур кардааст?-Хуршед худро раиси мушфиқу ғамхор вонамуд мекард ва гӯё нисбати тақдиру ояндаи Мадина бетараф набуд.

-Аслан ман дар ин бора гап заданро дӯст намедорам, аммо ба шумо нақл мекунам. Ман аз хурдӣ, аз падару модар ятим мондаам. Дар бораи падарам касе чизе намегӯяд, ки он кӣ буд ва кай вафот кард. Дар бораи модарам бошад, бибиям нақл мекунад, ки замони хурдсол будани ман аз беморие фавтидааст. Ҳоло ман бо бибии беморам зиндагӣ мекунам ва нафақаи кампир наметавонад ҳар дуи моро басандагӣ кунад. Ба ҳамин хотир, ман кор карда, аробаи зиндагиро ба пеш кашидан мехоҳам.

-Ту бисёр кори хуб мекунӣ Мадина ва ман ҳатман ба ту ва бибии беморат кӯмак мекунам. Охир мо ҳам инсонем ва дил дорем, ҳолати туро низ дарк мекунам. Ту фақат зиқ нашав ва худро аллакай соҳиби ҷои кор тасаввур кун!

Мадина ашки сохтаи чашмонашро тоза карда, хандаи зӯракӣ намуд.

-Ман ҳам модар надорам,-ба нақли саргузашти худ шурӯъ намуд Хуршед. -Чӣ хеле ки ту гуфтӣ, замони кӯдак буданам модарам вафот кардааст. Ман дар оила фарзанди ягона ҳастам ва пас аз хатми донишгоҳ падарам вазифаи худро бар ӯҳдаи ман вогузошт. Ман ҳамагӣ бисту панҷ сол дорам ва аллакай соҳиби хонаву дар, мошин ва ҷои кори муносибу мувофиқ ҳастам. Яъне, гуфтанӣ ҳастам, ки вақте бар оянда умед мебандӣ, ҳама хоҳишу орзуҳоят бо хости Худованд амалӣ мешаванд.

-Албатта, шумо ҳақ ҳастед,-сухани Хуршедро тасдиқ намуд Мадина.

-Узр, ки гапро дароз карда, вақти туро гирифтам,-акнун Хуршед ба Мадина “ту-ту” гуфта, муроҷиат мекард.

-Ҳеҷ гап не,-кӯтоҳакак ҷавоби хоксорона дод Мадина.

-Ин тавр, ки бошад, хеле хуб. Ман туро аз ин пас ҳамчун ёрдамчии худ ба кор мегирам, мешавад?-пешниҳоди ногаҳонии Хуршед Мадинаро каме дар ҳайрат гузошт.

-Ин чӣ хел мешавад? Яъне, ҳоло таътил асту ман ба кор дар вақташ ҳозир мешавам, аммо пас аз сар шудани дарсҳо ман наметавонам. Ёрдамчӣ бояд ҳамеша дар паҳлӯи роҳбар бошад-ку?

-Ҳоло то тамом шудани таътил вақт зиёд аст, давомашро баъд маслиҳат мекунем. Аз пагоҳ метавонӣ, ки ба кори нави худ шурӯъ кунӣ. Туро табрик мекунам!

-Ташаккури зиёд! Намедонам ба шумо чӣ гуна изҳори миннатдорӣ намоям,-Мадина ба дасти дарознамудаи Хуршед даст дода, барои ҷои кор ва табрик намуданаш изҳори сипос намуд.

-Акнун ман ба хона меравам. Пагоҳ боз мебинем,-Мадина хайрухуш намуда, аз ҷой хест.

-Ист, ман туро бо мошинам мебарам. Хонаатон дар куҷост?

-Он қадар дур нест, як деҳа болотар. Шумо ташвиш накашед, ман худам меравам,-рад кард Мадина.

-Не, не ҳеҷ ҷои ташвиш кашидан надорад. Рафтем бо ман,-Хуршед Мадинаро ба мошини худ савор карда, то назди ҳавлиашон овард ва ин дар деҳа як шӯру валваларо барангехт. Ҳама дар ҳайрат буданд, ки ин мошини сиёҳшиша аз кӣ буд ва бо Мадина чӣ иртибот дорад?

...Кампири Сорохон ва шавҳараш Азимбой ҳамдигарро дӯст дошта, оиладор шуда буданд. Баъди як соли оиладорӣ меваи умрашон бор оварду Сорохон духтарчаи нозанинеро ба дунё оварда, ба Азимбой туҳфа намуд.

-Азизам, бубин чӣ қадар зебову дӯстдоштанӣ аст,-гуфта буд Сорохон замони таваллуди тифл.

-Бале, айнан мисли модараш. Ту бо ин туҳфаат маро марди хушбахттарини дунё гардондӣ, азизам. Ман ҳам кӯшиш мекунам, ки туро то дар қайди ҳаёт буданам хушбахт бигардонам ва хушбахт бубинам,-ҷавоб дода буд Азимбой.

Онҳо зиндагии ширин ва серу пур доштанд. Таваллуди тифл зиндагии онҳоро боз ҳам ширинтару рангинтар намуд. Худоро сад бор шукр мегуфтанд, ки онҳоро ба нохуни фарзанд зор накарда, барояшон арзонӣ дошт. Ба тифли навзод бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат Сурайё ном ниҳоданд. Ӯро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекарданду барояш гули чизро мехӯронданд. Беҳтарин либосро ба бар мекарду аз дигар кӯдакон ба куллӣ фарқ дошт. Сурайё духтараки эркаи падару модар ба воя мерасид. Сурайё калон мешуду падару модар боз интизори фарзанд буданд. Онҳо мехостанд, ки Сурайё боз соҳиби як хоҳар ё додар бошад, вале Сорохон дигар соҳиби фарзанд нашуд. Чандин маротиба ба чанд табибони номдор муроҷиат намуданд, аммо ҳама дармони мефармудаи табибон барабас мерафту таъсире намекард. Баъдан Сорохону Азимбой ба тақдир тан доданду фарзандро доди Худованд гуфта, бо ҳамин Сурайёи яккаву ягонаашон қаноат карданд.

Дар асл Мадина ба каси бегона не, ба модари худ бештар шабоҳат дошт. Зебову шинам ва нав ба нав либос пӯшиданаш, худро мудом орову торо доданаш, зуд-зуд пойафзолу ороишот иваз намуданаш шабеҳи хислатҳои модари раҳматияш буд. Сурайёро низ падару модараш эрка карда, ҳар хоҳиши ӯро иҷро мекарданд. Мадинаро бошад, модарбузургаш “ятим аст, дили ятим нозук мешавад” гуфта, эрка кард.

Ҳаждаҳ сол муқаддам Сурайё ҷавонеро дӯст медошт ва он ҷавон ваъда дода буд, ки пас аз мактабро хатм намудани Сурайё бо ӯ оила барпо менамояд. Ҷавон Салим ном дошту дар асл он қадар ҷавони хуб набуд. Бо ҷону дил мехост бо Сурайёи яккадухтар оила барпо намуда, дар оянда аз ҳисоби ӯ кайфу сафо кунад. Вале ба ин хостаи Салим падару модараш зид буданд. Салиму Сурайё пинҳонӣ тез-тез вомехӯрданд ва барои ба ҳам расиданашон нақшаҳо мекашиданд.

-Ба сарам фикре омад, вале намедонам ту розӣ ҳастӣ ё на?-гуфт, боре ҳангоми вохӯрӣ Салим.

-Чӣ фикр будааст? Канӣ шунавам?-барои шунидани хабар мароқ зоҳир намуд Сурайё.

-Ба фикри ман, роҳи ягонаи ба ҳам расиданамон ин аст, ки ману ту як маротиба ҳамхоба шавем. Шояд пас аз ин кор волидонамон фаҳмида, ба мо иҷозати оиладор шуданро медиҳанд. Ту чӣ мегӯӣ? Розӣ ҳастӣ, ки шаби худро бо ман саҳар кунӣ?

-Ман розӣ. Бе ин ҳам имрӯз ё пагоҳ ту шавҳари ман мешавӣ ва бароям фарқ надорад, ки кай бо ту ҳамхоба мешавам. Муҳим коре кунем, ки волидонамон ба мо иҷозати ҳамхона шуданро бидиҳанд.

Сурайё бе дудилагӣ ва ягон сухани зиёдатӣ барои бо Салим ҳамхоба шудан розӣ шуд, зеро ӯ ба Салим сахт бовар карда буду умед бар он дошт, ки Салим ӯро ба занӣ мегирад. Аммо нияти Салим танҳо аз ҳисоби дӯстдухтараш кайфу сафо кардан буд. Падару модараш, ки ба оиладорияш зид баромаданд, чунин сайди ба дом афтодаро осон раҳо кардан нахост.

-Дар ҳаёт ман ҳар гоҳе хоҳам, соҳиби ҳамсар шуда метавонам, вале соҳиби падару модар не. Модоме, ки падару модарам намехоҳанд ман хонадомод бошам, пас ман аз Сурайё даст мекашам, вале ӯро ин тавр ба осонӣ раҳо намекунам. Як бор маззаи ин хушрӯчаро мечашам ва ана баъд раҳояш мекунам. Он вақт чаҳор тарафаш қибла. Ба куҷое хоҳад, рафтан гирад,-дар дил нияти бад дошт Салим ва нисбати Сурайё андешаҳои ғалат дар сараш чарх мезад.

Хуллас, онҳо он шабро ҳамроҳ саҳар намуданд. Пас аз ин ҳодиса Салим ногаҳон аз назарҳо ғоиб шуд. Пас аз чанд муддат Сурайё фаҳмид, ки ӯ ба Русия рафтааст. На Салим дар бораи ҳамхобагиашон ба волидонаш чизе гуфту на Сурайё аз тарс ба падару модараш лаб во кард. Салим ба Русия рафту як дӯсташ дарди сари Сурайё шуда монд. Доим пеши роҳашро гирифта, ӯро метарсонид.

-Ман медонам, ки нодухтарӣ. Салим ҳамаашро ба ман гуфт, аз ман пинҳон накун. Агар бо ман ҳам ҳамхоба нашавӣ, инро ба падару модарат мегӯям, туро дар деҳа шарманда мекунам,-таҳдид мекард рафиқи Салим.

-Оҳ, Салим. Ту чӣ қадар инсони паст будаӣ. Фанду фиреби худат бас набуд, ки боз рафиқонатро дарди сари ман кардӣ? Худо илоҳо ҷазоятро диҳад, ки бо гуноҳи ту ман шармандаву нодаркор шудам. Акнун ман ба касе лозим нестам, ман наметавонам оила барпо кунам, ман наметавонам дар байни мардум бо сари баланд бигардам,-Сурайё ғоибона сояи Салимро аз девор метарошид ва ӯро дуои бад мекард.

Ҳамин тавр, рафиқи Салим низ чандин маротиба аз заифии Сурайё истифода бурда, ба номусаш таҷовуз намуд. Баъди се моҳи сипарӣ шудани ин ҳодисаи нанговару нохуш, шиками Сурайё ба чашм аён шудан мегирифт. Волидонаш чунин ранг гирифтани корро ҳеҷ интизор набуданд ва чӣ кор карданашонро намедонистанд. Азимбойро дилаш тоб наовард ва аз бемории сактаи дил вафот кард. Сорохон худаш танҳо монда буду намедонист сари сахташро ба кадом девор занад.

-Ту моро дар байни мардум шарманда кардӣ, духтар. Илоҳо асло рӯи бахту тахтро набинӣ, моро шарманда кардӣ, Худованд туро шарманда кунад. Духтари беақл пеш аз кардани ин кор фикри ояндаатро накардӣ, фикри обрӯи оила ба сарат наомад?-Сорохон духтарашро сарзаниш мекарду аз шиддати қаҳру ғазаб дуои бад медод.

-Барои чунин духтар дар хонаи ман ҷой нест. Баромада рав аз хонаам. Кори кардаат сари падаратро хӯрд. Аз пушти ғаму дарди ту ман ҳам мурданӣ нестам. Рав, рав, ба ҳар ҷои хостаат рафтан гир,-Сорохон духтари дуҷонашро аз хона берун кард...

(Давом дорад)

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД