Салом! Духтарам гепатити С дорад. Пайваста табобат мекунем. Як муддат ҳолаш беҳтар шуда буд, вале имсол бемориаш боз хурӯҷ кардааст. Духтурҳо мегӯянд, ки шикамаш об гирифтааст. Ягон давои алафие ҳаст, ки кумак расонида тавонад?
СОКИНА, ш. Ҳисор
Посухи Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:
Шумо бояд ҳатман ба табибон муроҷиат намоед, зеро гепатит, махсусан гепатити С бемории хатарноки вирусӣ мебошад. Ман ба шумо чанд роҳи наҷотро аз об гирифтани шикам тавсия медиҳам, вале дар ёд дошта бошед, ки маризи гепатит дошта бояд ҳамеша зери назорати духтур бошад.
Давои аввал
200 грамм пиёзи бехиро аз мошини гӯштқимакунак гузаронда, ба ягон зарфи сарпӯшдор андозед ва ба он 100 грамм асали тозаро илова карда, нағзакак омехта намоеду муддати ду рӯз дар яхдон нигоҳ доред. Рӯзи сеюм онро гирифта, соф кунед ва рӯзе се маротиба ду қошуқӣ нӯши ҷон намоед.
Давои дуюм
Як қошуқи ошхӯрӣ юнучқаи сурхро дар як истакон оби ҷӯш муддати як соат дам партофта, баъд соф карда, бо каме шароби ангурӣ бинӯшед, оби шикамро мебарорад.
Давои сеюм
Шохчаҳои ҷавон ва борики дарахти арча (бурс)-майда карда, як қошуқи онро ба термос андозед. Аз болояш як истакон оби ҷӯшидагӣ рехта, монед як соат истад, сипас ин гиёҳобро дар давоми рӯз кам-кам бинӯшед. Табобатро бо ин усул як ҳафта ё даҳ рӯз давом диҳед.
Давои чорум
800 грамм ҷаъфарӣ (петрушка)-ро тоза шуста, реза карда дар зарфе андозед, аз болояш шири навҷӯшидаи говро рехта, зарфро дар бухори гарм нигоҳ доред. Тавре нигоҳ доред, ки ба ҷӯшидан наздик ояд, вале наҷӯшад. Зарфро то замоне дар бухор нигоҳ доштан лозим аст, ки шир оҳиста-оҳиста бухор шуда, дар зарф нисфи миқдори аввалааш боқӣ монад. Ин даворо дар давоми рӯз як соат пас ду қошуқӣ нӯши ҷон кардан лозим аст. Саломат бошед!