arzon replenishment
НУРГУЛ ЙЕШИЛЧАЙ ШАВҲАРИ ҶАВОН МЕКУНАД?
1470

 

Нургул Йешилчай, ҳунарпешаи 44-солаи театр ва синамои турк қарор додааст, ки дигарбора издивоҷ кунад. Ҳунарпеша бо шавҳаршавандааш Наҷоти Коҷабай, коргардони турк зиёда аз 2 сол мешавад, ки муносибатҳои ошиқона доранд. “Пеш аз Наҷот ман муносибати хеле печида доштам.

Вақте 40- сола шудам, рӯзе дар ошхона худ ба худ гуфтам, ки дигар чунин муносибати беақлона доштан намехоҳам. Баъд бо Наҷот вохӯрдам. Моро як дӯстам шинос карда буд. Наҷот хеле марди меҳрубон аст”,-менависад хабаргузории “Кинотека” аз қавли ҳунарпеша. Наҷоти Коҷабай аллакай бо Усмон, писари 5-солаи Нургул аз издивоҷи аввалааш шинос шуда, бо ӯ рафиқ шудааст. Санаи тӯйи Наҷот ва Нургул дақиқ нест, аммо онҳо дар тобистон ин маъракаи муҳимро баргузор кардан мехоҳанд ва умед доранд, ки то он вақт пандемияи COVID-19 аз байн меравад. Нургул Йешилчай соли 2004 бо Ҷем Ёзер, ҳунарманди 61-солаи турк издивоҷ карда, соли 2010, баъди 6 соли оиладорӣ аз ҳам ҷудо шуда буданд.

Писари онҳо Усмон 22-юми майи соли 2005 ба дунё омадааст ва ҳоло ҳамроҳи модараш зиндагӣ мекунад. Тамошобинон Нургулро бештар аз филмҳои “Асри мӯҳташам: Империяи Қосим”, “Муҳаббат ва ҷазо” ва “Гулпарӣ” мешиносанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД