arzon replenishment
Нозияи Кароматулло: Ҳар чӣ ёфтам, аммо туро наёфтам
2568

Ҳанӯз ҳам бо ёди ту ман ҳар шабу ҳар рӯз бигирям... Ҳамроҳи таронаҳоят, бо хотираҳоят, дар сукути садоят, дар фазои хонаи бе хандаҳоят...


Ин ҳарфҳои дили як бонуест, ки аз ҳар куҷо- аз утоқи кориаш, аз миёни дӯстону ҳамкоронаш, аз хонаи падар, аз кӯчаю ҷойҳои сайркардааш падарашро ҷӯё аст. Ҳанӯз хурд буд, қотилони бераҳм ӯву ду бародари дигарашро аз меҳри падар, аз муҳаббату навозишҳои падар ҷудо карданд.
Нозия дар идома гуфтааст: “Бубин, бо дуоят духтараки калон шудам, бо роҳи ҳунару орзуи ту рафтам, ҳар чӣ ёфтаму аммо туро наёфтам... Аммо ҳамеша як дасти навозише болои сарам эҳсос мекунам, ки шояд дасти мубораки туст, падар. Рӯҳат шод.”
Агар умр вафо мекард, падари Нозия ва Муҳамадрафӣ, Кароматуллои Қурбон 29 ноябр ба синни мубораки 60 қадам мегузошт. Ҳамасола ин санаро фарзандони ин ҳунарманди нотакрор бо шукуҳ, ҳамчун ҷашни хотира қайд менамоянд. Имсол низ бо дастгирии Ҳукумати шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва ҳукумати виояти Хатлон бахшида ба зодрӯзи ин марди ҳунар дар қасри фарҳанги ноҳияи Данғара ҷашни хотираи Кароматуллои Қурбон баргузор карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД