Formula novemver 2024
Носкашӣ касро ба саратони забон гирифтор месозад?
1019

1. Онкологҳои ӯзбекистонӣ эълом медоранд, ки 80%-и беморони гирифтори саратони забон, лаб, дигар узвҳои холигии даҳон ва саратони гулӯро носкашон ташкил медиҳанд.

2. Азбаски дар таркиби нос ахлоти ҳайвонот мавҷуд аст, истеъмоли чунин модда боиси сирояти бемориҳои гуногуни рӯда ва гепатити вирусӣ мегардад.

3. Боғбонон аз таъсири ахлоти мурғ ба растаниҳо хуб огоҳанд. Зеро он растаниро “месӯзонад”. Табибон иброз медоранд, ки ахлоти мурғ низ узвҳои дарунии инсонро “месӯзонад”. Аввал қисми даҳон ва узвҳои ҳозима зарар мебинанд. Баъд аз истеъмоли бардавоми нос шахс гирифтори бемории захми меъда (язва) мегардад.

4. Азбаски моддаи асосии таркиби носро тамоку ташкил медиҳад, он дар инсон тобеияти никотиниро ба бор меорад.

6. Табибон носро ба қатори моддаҳои психотропӣ низ ворид кардаанд. Истеъмоли чунин моддаи психотропӣ ба инкишофи равонии ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Ҷавони носкаш малакаи дурусти дарккуниро аз даст дода, ҳофизааш заиф мешавад. Равоншиносон қайд мекунанд, ки носкашии бардавом дар ҷавонон боиси тағйирёбии шахсият ва хароб гаштани психикаи ӯ мегардад.

7. Саломатии холигии даҳон ва хусусан дандонҳои носкаш хароб гашта, одатан чунин нафарон аллакай то синни 50-солагӣ бе дандон мемонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД