Фарангис Дунё, овозхон ва модели шинохтаи тоҷик, ки дар шаҳри Хуҷанд кору зиндагӣ мекунад, ҳафтаи гузашта суруди “Бе садо нолам”-ро аз эҷодиёти Далер Назаров бозхонӣ намуд.
Намоҳанги суруди мазкур дар меҳмонхонаи “Парламент”-и шаҳри Хуҷанд ба навор гирифта шудааст. “Азизон ва дӯстон, барои шумо хабари хуше дорам. Таронаи “Бе садо нолам”-ро аз эҷодиёти Далер Назарови нотакрор бозхонӣ кардам ва умедворам, ки ба шумо писанд меояд.
Ман барои ҳар яки шумо месароям ва шодам, ки шуморо дар канор дорам”,-навиштааст овозхон дар саҳифаи Инстаграмаш. Клиптаронаро аз замони нашраш то кунун дар саҳифаи “Tamoshow” дар шабакаи YouTube зиёда аз 11 ҳазор нафар тамошо карда, қисми бештари корбарон таронаи навро гарм пазироӣ кардаанд. “Фарангис, намедонам, ки стилисти шумо кист, аммо интихоби либосҳоятон олиҷаноб аст. Бо ҳаракатҳоятон мувофиқанд”,-навиштааст корбаре бо номи Ганҷина дар Инстаграм.