Formula novemver 2024
Низора ба ҷавони немис ошиқ шуду.... Қисми 2
11.01.2022
ОИЛА
1658

Падар ду дасташро ба сӯйи осмон бардошта бо чашмони гирён фиғон кашид: “Оқат кардам! Ман дигар Низора гуфтагӣ духтар надорам. Гуноҳатро дар ду дунё намебахшам! Маро дар дами пирӣ дар байни дӯсту душман шарманда кардӣ, илоҳо оворагӯр шавӣ, духтар....”
Низора он замон чунон сармасти ишқ буд, ки ҳатто “оқ” шудан низ натавонист меҳри ин ҷавони аҷнабиро аз дилаш берун созад...
Баръакс вай барқасди волидонаш дар яке аз зеботарин тарабхонаҳои шаҳр тӯйи дакаданг ороста, риштаи тақдирашро бо Микоил пайваст. Ҳарчанд дар тӯйи онҳо ба ғайр аз ҳамсабақони Низора дигар касе иштирок накарда бошад ҳам, он замон ӯ худро хушбахттарин духтари дунё эҳсос мекард, аммо...
хххххххххх
Пас аз тӯй Микоил Низораро бо худ ба Олмон бурд. Арӯсак худро хушбахтарини хушбахтҳо эхсос менамуд, чунки Микоил писари ягонаи директори заводи чармбарории шаҳри Мюнхен буда,аҳли ин хонавода зиндагии шохона доштанд.
Низора мисли шохдухтарони афсонавӣ мезист ва аз ҷиҳати иқтисодӣ ягон камбудӣ надошт, вале вақте ҳомила шуд, Микоил ӯро маҷбуран ба беморхона бурда, искоти ҳамл намуд. Сабаби чунин рафторашро шавҳари миллионераш чунни шарҳ дода буд:
-Азизам, ману ту ҳоло хеле чавонем. Ман мехоҳам, ки туро бо худ ба тамоми дунё бурда саёҳат диҳам, бари ҳамин ба ману ту кӯдак тамоман лозим нест. Маънии зиндагӣ дар хушу хуррам зистан аст. Хурсандии маро мехоста бошӣ, ҷарроҳӣ карда найчаҳои бачадонатро мебандем, то ки ҳомиладор нашавӣ...”
Низораи содадил ба ин фикри аблаҳонаи шавҳараш розӣ шуда, бо ихтиёри худаш худро аз беҳтарин неъмати парвардигор –фарзанддор шудан маҳрум гардонд.
Онҳо масти висоли якдигар аз ин давлат ба он давлат сафар карда, дунёро сайр менамуданд. Низора он вақтҳо худро бисёр хушбахт эхсос мекард ва боре ҳам падару модари пираш ба ёдаш намерасиданд. Вай дар дил нисбати онхо кина дошт, ки ишқашро қабул накарда аз баҳраш гузаштанд ва оқаш карданд, аммо..
Солҳо турнасон гузаштанду Низора пир шуда монд. Ҳарчанд дар бадали ин солҳо тамоми дунёро сайр карда, гули чизро мехӯрду гули чизро мепӯшид,аммо боз барояш чизе намерасид, аммо маҳз чӣ, худаш ҳам намедонист.
Танҳо баъди марги шавҳараш ин зани ҷаҳондида дарк кард, ки чизе, ки як умр барояш камӣ мекард, ин фарзанд ва меҳру муҳаббати бузурги падару модару хешу табор будааст. Акнун ӯ зор-зор гиря карда аз дил мегузаронд, ки кош дар вакташ тифламро исқоти ҳамл намекардам, шояд имрӯз тасалло ва такягоҳам дар зиндагӣ мегашт, вале умри рафтаро дигар бар гардонида намешуд...
Дар рӯзҳои вопасини умраш Микоил низ хатои худро дарк карда буд ва дар бистари марг хобида, мудом аз Низора бахшиш мепурсид:
-Маро бубахш, агар фарзанде медоштем, баъди сари ман тур соҳибӣ мекард, вале афсӯс…Баъди марги ман ҳама сарватамро фурӯшу ба зодгоҳат рав.
Низора ашки чашмонашро поккунон бо ҳасрат пурсид:
-Пеши кӣ?
Микоил боз ҳам бештар фиғон бардошт. Оре, мард акнун дарк кард, ки ҳарду иштибоҳи бузурге кардаанд, вале магар тири аз камон ҷаставу умри рафтаро дубора баргардонида мешавад?
(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД