Қувваҳои ҳарбии Русия маркази вилоятии Херсони Украинаро ба пуррагӣ зери назорати худ гирифтанд. Дар ин бора “Известия” ва дигар расонаҳои русӣ дар такя ба манбаҳои расмӣ хабар додаанд.
Дар бораи Херсонро пурра зери назорати худ гирифтани қувваҳои ҳарбии Русия намояндаи расмии Вазорати дифоъи Россия генерал-майор Игорь Конашенков хабар додааст.
Ба гуфти генерал айни замон вазъият дар Херсон муътадил буда, тамоми инфросохторҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла мағозаҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ва корхонаҳои саноатӣ бе ягон мамоният фаъолияти худро идома дода истодаанд ва сокинони шаҳр бо кору бори рӯзмарраи худ машғуланд. Норасоии маводи хӯрока ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал ба назар намерасад.
Музокирот байни қумандонҳои рус ва шаҳрдорӣ дар боби таъмини кори бонизоми тамоми обектҳои хоҷагии халқ идома дошта, ҷониби Русия талош дорад, ки бехатарии тамоми сокинони Херсонро ба пуррагӣ таъмин ва аз ҳуқуқҳои мардуми оддӣ дифоъ намояд.
Ногуфта намонад, ки низомиёни Русия ҳамчунин марказҳои аҳолинишини Токмак ва Васильевкаро бидуни ҷангу хунрезӣ ва муқовимат зери назорати худ гирифтанд. Ҳариёни украинӣ дар ин минтақаҳо ба таври ихтиёрӣ яроқҳояшонро супурданд ва баъди имзои забонхат дар бораи минбаъд дар набардҳо ширкат наварзиданашон ба назди аҳли хонавдаи худ бармегарданд.
Дар Киев бошад, антенаи пахши барномаҳои телевизион (телевышка) тариқи ракетаҳои махсус аз кор бароварда шудааст, вале бар асари ин ҳамла ягон бинои истиқоматӣ вайрон нашудаву сокинони шаҳр зарар надидаанд.
Президенти Украина дар мусоҳиба бо журналистони амрикоӣ ба гуфтушунид бо президенти Русия омада буданашро изҳор доштааст.