Дирӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон зодрӯзи раиси ин ниҳод Низом Қосимро таҷлил карданд. Дар ин бора Ато Мирхоҷа, муовини раиси ИНТ хабар додааст.
Ба гуфтаи Мирхоҷа Ато, пас аз суханрониҳои зиёд қарор н шуд, ки то соли 2030 Низом Қосим раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон боқӣ монад.
Бояд гуфт, ки Низом Қосимро соли 2020 барои панҷ сол раиси Иттифоқи адибони Тоҷикистон интихоб карда буданд ва муҳлати ваколати ӯ ҳанӯз тамом нашуда буд.
Ӯ бори аввал соли 2015 ба ин мақом расид. Интихоби дуюми Низом Қосим рӯзи 23-юми декабр дар анҷумани 15-уми Иттифоқи адибон ва бидуни рақиб сурат гирифт.
Ӯ дар гузашта ду навбат вакили Маҷлиси Намояндагон буд. Солҳои 2006 – 2010 ҳамчун директори телевизиони “Баҳористон” низ кор кардааст.