Дар Анҷумани навбатии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба Оинномаи ин итиҳодия тағйирот ворид шуда, Низом Қосим бори сеюм раис интихоб шудааст.
Гуфта мешавад, ки тибқи Оинномаи қаблӣ як нафар ҳақ надошт беш аз 2 маротиба раиси Иттифоқи нависандагон шавад. Ҳоло ин чиз имконпазир гардид.
Низом Қосим бори аввал соли 2015 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуда, соли 2020 низ такроран дар ин курсӣ такя зад.