arzon replenishment
Нишонаи бурди калон аз лоторея
1243

Дишаб хоби аҷибе дидам. Кадом як идеро ҷашн мегирем ва меҳмонони зиёде ба хонаамон омадаанду ҳамроҳи онҳо ман ҳам рақсу бозӣ ва шӯхию хурсандӣ дордам. Саҳар хобамро ба модарам гуфта, таъбирашро пурсон шудам, вале он кас маро сарзаниш карданд, ки чунини хобҳо фоли бад ҳастанд ва онро бояд ба об мегуфтӣ. Магар ид дар хоб аз сар задани ягон фалокат дарак медиҳад?

Зуҳуршо аз н. Варзоб

 

Бародари азиз! Ҳоҷат ба ташвиш кашидану ба изтироб афтидан нест, чунки идро хоб дидан фоли нек аст, на буд. Тавре ки дар хобномаҳои исломӣ омадааст, шахсе агар хоб бинад, ки бо шодию хурсандӣ ягон идро ҷашн гирифта истодааст, аз мушкилиҳо мебарояд ва аз ғаму дарде, ки дошт, раҳоӣ ёфта, зиндагии пурсаодат насибаш мегардад. Аслан ид дар хоб разми боигарӣ ва вақти хушу табъи болида аст, вале дар баъзан чунин хоб аз зиёд шудани сарфу хароҷоти шахси хобдида низ дарак дода метавонад.  

Шахс хоб бинад, ки бо вақти хуш ба ид тайёрӣ дида истодааст, аз ягон манбае, ки аслан интизор нест, даромади ногаҳонӣ ба даст меорад. Эҳтимол дар лоторея пули калон бурд мекунад ё бо роҳи дигаре худованд барояш ризқу рӯзӣ фиристода, соҳиби пул ва даромади калон мегардад.  

Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки одами зиёдеро ба хонаи худ таклиф кардан аз сар задани нофаҳмӣ дар ҷойик ор ё оила дарак медиҳад.

Хоб бинед, ки шуморо дар рӯзи ид ба ягон ҷо даъват кардаанд ва ҳамроҳи дигар меҳмонон дар сари дастурхони пурнозу неъмате нишаста, шодию хурсандӣ доред, касе бароятон хизмати хирсона хоҳад кард, яъне зоҳиран ба шумо некӣ мекунад, вале он бароятон хеле қиммат меафтад.

Зан хоб бинад, ки дар рӯзи ид ба ягон ҷо меҳмонӣ рафтааст, табъаш хира карданд ва гиря дорад, чизи барояш хеле азизеро аз даст медиҳад ё байни ӯву шавҳараш ягон нофаҳмӣ сар зада, ҷангу ҷанҷол мешаванд ва дили ҳамдигарро сиёҳ мекунанд.  

Хоб бинед, ки рӯзи ид аст ва шумо бо шавқ рақсу бозӣ карда истодаед, дар ҳаёти шахсиатон ягон навигарии хеле хуб ва олӣ рӯй медиҳад. Духтари бе шавҳар чунин хоб бинад, аз ягон оилаи сарватманд барояш хостгор мебарояд, ҷавони муҷаррад бошад, духтари зебоеро во мехӯрад, ки ҳаёти ӯро комилан дигаргун ва саршори бахту саодат хоҳад кард.  

Аммо нӯшидани шароб ва дигар чизҳои ҳароб дар хоб фоли бад аст. Мард хоб бинад, ки рӯзи ид аст ва ҳамроҳи дӯстонаш шароб нӯшида истодааст, дар ҷойи кораш ягон ҷанҷоли калон сар зада, аз роҳбарон гап мешунавад ва ҳатто хавфи аз кор ронда шуданаш низ вуҷуд дорад.  

Шахс хоб бинад, ки рӯзи аст ва сари дастурхони пур аз нозу неъмат нишастааст, фоли хуб аст. Чунин хоб аз муносибати неки атрофиён ба шахси хобдида дарак медиҳад. Эҳтимол шумо дӯстоне пайдо мекунед, ки барои ба зинаҳои баланди зиндагӣ расидан бароятон ёрӣ медиҳанд ё бо кӯмаки онҳо соҳиби пулу моли зиёде гашта, зиндагии серу пур насибатон мешавад.  

Хоб бинед, ки рӯзи ид аст ва одамони бисёре либосҳои идона ба бар намуда, ба идгоҳ шитоб доранд, бо дӯстони наздикатон ҷангу ҷанҷол мешавед ва дилозурда мегардад. Аммо дар баъзе хобномаҳои дигар чунин хобро ба пайдо шудани ташвишҳои майда-чуйда дар ҳаёти шахси хобдида нисбат медиҳанд.

Шахс хоб бинад, ки рӯзи ид аст ва одамон ба рӯяшон ниқоби ҳар хел ҳайвонотро кашида, дилхушӣ карда истодаанд, чандон хуб нест. Чунин хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шумо дар зиндагӣ сабукфикрона рафтор карда истодаед ва беандешагиатон ба саратон ягон мушкилӣ оварда метавонад. Чунин хоб ҳамчунин ба дурӯягии одамоне, ки худро ба шахси хобдида ҳамчун дӯсти ҷонӣ нишон медиҳанд, ишорат карда, худованд бо ҳамин роҳ бандаашро огоҳ кардан мехоҳад, ки аз чунин ашхост худро дур бигирад.

Дар рӯзи ид ниқоб пӯшидани одамон боз як таъбири дигар низ дорад. Чунин хоб метавонад ҳушдоре бошад, ки ба дӯстонатон бовар накунед, зеро одамоне, ки дар атрофатон ҳастанд, бо ваъдаҳои хушку холӣ шуморо аз роҳи рост берун карда метавонанд.  

Аммо дар маҷмӯъ хоб дидани ид фоли нек буда, аз ба поён расидани ғаму дард, камбағалию қашшоқӣ, мусибат ва дигар мушкилоти дар ҳаёти шахси хобдида дарак медиҳад. Худованд бо воситаи чунин хоб ба бандааш аз поён ёфтани санҷишҳои қисат ва оғози як зиндагии саршор аз файзу баракату шодию хурсандӣ паём медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД