toyota motors
Нисбати Сао Шнҷ Ли протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд
31.03.2026
Oila.tj
193

Кормандони Маркази «Шаҳри бехатар» шаҳрванд Сао Шнҷ Ли - ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Тайота», рақамҳои қайди давлатиаш 711ZD01-ро барои дағалона вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ боздошт намудаанд.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷаи ташхиси тиббӣ муайян гардидааст, ки номбурда дар ҳолати мастӣ қарор дошта, дидаю дониста воситаи нақлиётро идора намуда, ҷони худ ва атрофиёнро зери хатар гузоштааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда бо моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаи нақлиёт дар ҷаримагоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД