Дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе дар семоҳаи аввали соли равон 43 ҳолати монеъ шудани волидон ба таҳсилоти миёнаи умумӣ гирифтани наврасон ба қайд гирифта шуда, нисбати падару модароне, ки фарзандони худро аз таълиму тарбия маҳрум кардаанд, тибқи моддаи 164-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст. Дар ин бора Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод.
“Таълиму тарбияи фарзандон ва таъмин намудани таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз масъулиятҳои муҳими падару модар ба шумор меравад. Бо вуҷуди ин, баъзе волидайн ба ин масъала беаҳамиятӣ зоҳир намуда, ҳатто монеаи таҳсили фарзандон мегарданд”,- навиштааст манбаъ.
Таҳсил ҳуқуқи конститутсионии кӯдак буда, заминаи асосии рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва иҷтимоии наврасон мебошад. Ҳукумати мамлакат барои ҷалби наврасон ва ҷавонон ба таҳсил ва илмомӯзӣ тамоми шароитҳои лозимаро фароҳам овардааст, вале бархе аз наврасон бо сабабҳои гуногун пас аз хатми синфи 9 тарки таҳсил менамоянд.
Мувофиқи қонунҳои ҷорӣ хатмкунандагони синфи 9 вазифадоранд, ки дар ҳолати ихтиёран идома надодани таҳсил дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳатман таҳсили худро дар литсейҳои касбии техникӣ ва коллеҷҳо идома дода, соҳибкасб шаванд.
Мутаасифона, баъзе падару модароне ҳастанд, ки барои соҳибкасбу соҳибмаълумот шудани фарзандонашон талош намекунанд ва монеи таҳсили онҳо мегарданд.
Ёдрас мешавем, ки тибқи қонунгузории мамлакат, барои ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии фарзандонашон монеъ гаштани волидон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Падару модарон барои чунин кирдор ба андозаи аз ҳазор то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима баста мешаванд ё ба корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 180 то 240 соат ҷалб мегарданд. Қонун барои монеъ гаштан ба таҳсили фарзандон ҳатто ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро ба муҳлати то ду сол пешбинӣ намудааст.