Arzon march 2024
НИҚОБҲОИ ТОБИСТОНА
01.06.2021
НОДИРА
2012

 Ниқоби асалӣ

Ниқоби машҳуртарин асалӣ аст. Тамоми фасли сол ба рӯй асал молидан кифоя аст, то ки пӯстро шодобу аз пиршавӣ эмин гардонем. Ниқоби асалии баҳорӣ аз қисматҳои зиёде иборат аст, ки касро якбора аз ҳама мушкилот халос мекунад.
5 эффективных и самых полезных масок для лица с медом | ВКонтакте

Як қошуқ асал, беҳтараш асали зерфун (липовый)-ро бо поғаи ҷав (овсянные хлопья) омехта, чанд қатра шарбати лимӯ ва як қошуқча равғани зайтунро ба он илова намоед. Ниқобро 15 дақиқа дар рӯю гардан нигоҳ дошта, сипас сачоқи тозаеро дар оби гарм тар кард,а аз болои ниқоб ба рӯятон гузоред. Пас аз бо оби ширгарм шустани ниқоб ба пӯст малҳами нармкунанда молидан лозим аст. Чунин ниқобро беҳтараш қабл аз хоб ҳафтае 2-3 бор молед.

Гиёҳниқоб

Ҳафта як бор истифода бурдани ниқобҳои гиёҳӣ пӯстро ором ва сурхиву сӯзишашро рафъ месозад. Як қошуқча мармарак (шалфей), ду қошуқча лаванда ва ҳамин миқдор бобунаи (ромашка) хушкро дар ӯғурак кӯфта, сипас дар оби ҷӯшида як дақиқа дам партоед. Ин ниқоби гиёҳиро ба рӯю гарданатон молида, бо сачоқи тунук 20 дақиқа пӯшонеду сипас рӯятонро бо оби ширгарм шуста, малҳами ғизобахш ё нармкунанда молед.
Маски для лица: типы, свойства, состав, плюсы, как выбрать

Ниқоб аз қулфинай

Ин ниқоб барои пӯсти хушку хаста ва коҳида тавсия мешавад. Он пӯстро ғизо дода рагчаҳоро қувват мебахшад. Як истакон оби ҷӯшидаро андаке хунук кунонида, ба он як қошуқча содаи хӯрокаро илова кунед. Қулфинайро бо чангак лат занед.

Докаи дуқабатаро дар оби содадор тар карда, ба рӯю гарданатон пӯшонида, аз болои дока қулфинайро тунук кунед. Ниқобро дар пӯсти рӯй 15 дақиқа нигоҳ дошта, сипас шӯед. Дар давоми 7 рӯз табобатро боз такрор кунеду баъдан ҳафтае ду бор дар як моҳ ниқоб молед. Барои пӯсти аллергиядошта чунин ниқобро тавсия намедиҳем.

Ниқоб аз банан

Ниқоб аз банан пӯстро олиҷаноб ғизо мебахшад. Ниқоби бананиро ҳар субҳ пеш аз хона баромадан ба пӯст молидан мумкин аст. Он аз минералҳо бой буда рӯзи дароз ба пӯст қувват мебахшад. Ним бананро кӯфта, каме равғани зайтун (оливковое) ва чанд қатра лимӯ ё пучоқи кӯфтаи лимӯро ба он илова карда, 10-15 дақиқа дар рӯю гарданатон нигоҳ дореду сипас бо оби ширгарм шуста, малҳами рӯзонаи худро молед.
Маски для лица в домашних условиях: рецепты домашних масок от прыщей, от  чёрных точек, от морщин

Ниқоб бо лимӯ

Барои зебову ботароват гардидани пӯст барои харидории малҳами гаронбаҳо ба мағоза шитоб кардан шарт нест. Меваю сабзавот метавонанд косметикаи беҳтарин гарданд, масалан, лимӯ дар қатори дигар хусусиятҳои муфидаш сӯрохиҳои пӯстро маҳкаму пӯстро сафед месозад. Фақат лимӯро ба пӯст молидан лозим нест. Ними бананро бо як қошуқ шир ва 3-4 қатра шарбати лимӯ омезед, ниқоби беҳтарин мешавад.

 Очищающие маски для лица: как приготовить в домашних условиях - Новости на  KP.UA

 

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД