arzon replenishment
Никита Журавлев дар толори суд аз мусалмонон бахшиш пурсид, вале...
615

Суди Чеченистон Никита Журавлёвро ба 3,5 соли зиндон маҳкум намуд. Журавлев дар оташ задани китоби муқаддаси “Қуръон” ва таҳқир намудани ҳиссиёти динии мусалмонон дар Волгоград гунаҳкор дониста шудааст.

Никита Журавлёв дар таҳқир намудани эҳсосоти динии имондорон ва авбошӣ дар асоси нафрату бадбинӣ ва ҳиссиёти динӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи одамон бо маслиҳати пешакӣ содир шудааст, гунаҳкор дониста шуда, ба 3, 5 соли зиндон маҳкум гаштааст. Ҷавони қуръонсӯз ҷазоро дар каллонияи низомаш умумӣ сипарӣ хоҳад кард.

Журавлёв ҳанӯз моҳи майи соли гузашта аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун гумонбар дар оташ задани китоби муқаддаси “Қуръон” боздошт шуда буд. Ӯ китоби “Қуръон”-ро дар рӯ ба рӯйи масҷид оташ зада, ин амалашро тариқи видео сабт кардааст. Баъдан ин навор ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, дар интернет паҳн шуд ва норозигиҳои зиёдеро дар ҷомеа, махсусан байни мусалмонон ба бор овард.

Журавлев баъди боздошт иқрор шуд, ки бо супориши мақомотҳои қудратии Украина китоби муқаддаси “Қуръон”-ро оташ задааст, то ки нафрати мардумро нисбат ба русҳо бедор созад.

Дертар Никита Журавлев аз тамоми мардуми мусалмон бахшиш пурсида бошад ҳам, парвандаи ӯро барои санҷиш ва баррасӣ ба Чеченистон фиристоданд.
Дар Чеченистон Никита Журавлевро писари 15-солаи Рамзан Қодиров-Одам дар боздоштгоҳи муввақатӣ бераҳмона лату кӯб намуд. Пас аз ин ҳуши ӯ гӯё ба сараш зада, эълон кард, ки мехоҳад исломро қабул кунад, аммо Қодиров ба суханони Журавлёв бовар накард.

“Никита Журавлев як ҷосуси зархариди кишварҳори ғарбӣ мебошад, ки ба ҳама кор қодир аст. Дар суханони ӯ ҳатто як зарра самимият вуҷуд надорад”-гуфт сарвари Чеченистон.

Қодиров дар масъалаи лату кӯб шудани Журавлёв низ аз писараш пуштибонӣ намуда, гуфта буд:
“Касе, ки намоишкорона китоби муқаддаси “Қуръон”-ро дар рӯ ба рӯйи масҷид оташ зада, бо ин рафтораш ҳиссиёти динии миллионҳо нафар мусалмонони ҷаҳонро таҳқир кардааст, бояд ҷазои сахт дода шавад. Ман бо писарам ифтихор мекунам. Шахсоне, ки бо чунин усулҳо байни одамон низоъ ангехтан мехоҳанд, ба маразе монандӣ доранд, ки бояд решакан карда шавад!”

Ҳамин тавр Никита Журавлёв ба нафрати умум гирифтор гашт ва суд ӯро барои оташ задани китоби муқаддаси “Қуръон” ва таҳқири ҳиссиёти динии мусалмонон ба 3, 5 соли зиндон маҳкум намуд.
Журавлев дар сухани охирини худ гуфтааст, ки дар ҳақиқат ба чунин ҷазо сазовор аст ва аз мусалмонон бори дигар бахшиш пурсидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД