Аҳолӣ гӯштхӯр шудаанд. Талаботи мардум ба гӯшти гову гӯсфанд бештар шудааст. Ошхонаҳо зиёд шудаанд ва мардум ҳатто субҳонаашонро дар ошхона мехӯранд. Дар ин бора Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзӣ имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт.
Муовини вазир яке аз сабабҳои дигари баланд шудани нархи гӯштро вобаста ба овардани хӯроки чорво аз хориҷи кишвар донист. Ӯ гуфт, ки хӯроки консентратсионӣ барои фарбеҳсозии чорво аз Аврупо ворид мешавад ва арзиши он дар давлатҳои истеҳсолкунанда қиммат шудааст.
Ин мақомдор таъкид кард, ки барои таъмини аҳолӣ бо гӯшти моли калону паранда ин маҳсулот аз кишвар бароварда ё воридот намешавад. Ӯ ваъда дод, ки тамоми чораҳоро меандешанд, то аҳолиро бо гӯшт таъмин намоянд.
Нигина Анварӣ зикр намуд, ки ба сари як нафар дар як сол 47 кг гӯшти гов ва 18 кг гӯшти мурғ рост меояд. Арзиши як килограмм гӯшти гов ҳоло дар бозор аз 80 то 84 сомонӣ аст.