Нигина Амонқулова соҳиби “Қанди порсӣ” шуд
17.02.2026
Oila.tj
109

Ҷоизаи имсолаи “Қанди порсӣ”, ки барои талошҳо дар роҳи ҳифз ва густариши забони порсӣ тақдим мешавад, насиби овозхони маъруфи Тоҷикистон Нигина Амонқулова, устоди Донишгоҳи Принстон Майкл Берӣ ва адабиётшиноси афғонистонӣ Латиф Нозимӣ гардид.

Маросими тақдими ҷоиза рӯзи 15-уми феврал дар доираи ҳамоиши Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон дар Донишгоҳи Вестминстер, воқеъ дар Бритониё баргузор шуд.

Тавре Исфандиёри Одина, рӯзноманигори тоҷик дар Лондон гуфтааст, Нигина Амонқулова барои иҷрои таронаҳое, ки дар густариши забони форсӣ саҳм доранд, сазовори ин ҷоиза дониста шудааст. Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла масъулон иҷрои таронаҳо бар ашъори Мавлавиро дар ҳамоиши ЮНЕСКО, ки бо иштироки ҳунармандони эронӣ дар ҳайати гурӯҳи ҳунарии “Фулодванд” баргузор шуда буд, махсус қадр кардаанд.

Ҳамоиши Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон аз соли 2014 инҷониб ҳамасола дар Бритониё баргузор мешавад. Маблағи ҷоиза 500 фунт стерлингро ташкил медиҳад, ки муодили тақрибан 700 доллари амрикоӣ аст.

Соли гузашта ин ҷоиза ба шоири саршиноси тоҷик Гулрухсори Сафӣ ва фаъоли тоҷик аз Самарқанд Амина Шарофиддин тақдим гардида буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Нигина Амонқулова соҳиби “Қанди порсӣ” шуд
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси