Нигина Амонқулова, овозхони 34-солаи тоҷик таронаи навбатии худро бо забони ҳиндӣ ба дӯстдорони ҳунараш тақдим намуд. Амонқулова суруди “Yeh mera prem patra padhkar”-и овозхони машҳури ҳинд Муҳаммад Рафиро бозхонӣ кардааст. “Ман аз хурдӣ нисбати санъату ҳунари волои мардуми Ҳиндустон меҳру муҳаббати беандоза дорам, зеро мусиқиҳояшон писандам аст. Ҳарчанд забонро хуб намедонам, аммо ба хотири санъати нотакрори ҳунарманди шаҳир ва мумтози ин сарзамин Муҳаммад Рафӣ (1924-1980) як сурудашро бозхонӣ кардам”,-навиштааст овозхон дар шабакаҳои иҷтимоии худ. Ҳарчанд Нигина Амонқулова забони ҳиндиро балад нест, вале барои дар сатҳи олӣ сароидани суруд тамоми санъаташро истифода бурда, ҳатто либоси занҳои ҳинд “сари” ба бар кардааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба истеъдоди овозхон баҳои баланд дода, навиштаанд, ки бо чунин садои фораму симои дилкаш ба наздикӣ Ҳиндустонро низ тасхир хоҳад кард. Нигина Амонқулова азм дорад, ки аз шодравон Одина Ҳошим, Муқаддас Набиева, Аҳмад Зоҳир ва чанд тани дигар сурудҳои мондагорро бозхонӣ кунад.