Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Нигина Амонқулова.
Сол ва ҷои таваллуд: 30.01.1986, шаҳри Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Касб: овозхон.
Вазъи оилавӣ: оиладор ва соҳиби ду фарзанд.
-Сараввал фаҳмидан мехоҳем, ки Нигинабону имрӯз ба чӣ корҳо машғул аст?
-Санъаткор банди чӣ кор ҳам буда метавонад? Албатта, аз пайи ҷустуҷӯи шеъру оҳанги нав ҳастам ва ба санъати худ машғулам.
-Бисёриҳо гумон мекунанд, ки шумо дар Суғд зиндагӣ мекунед. Аз Инстаграм мебинем, ки гоҳ дар Хуҷанд ҳастеду гоҳи дигар дар Душанбе. Хонаи асосиатон дар куҷост?
-Бароям тамоми гӯшаи Тоҷикистон хонаи ман аст. Дӯст медорам, ки дар Хуҷанд ҳам зиндагӣ кунам, дар Душанбеву Панҷакенту Бадахшон ҳам. Хулоса, дар ҳама ҷо. Асосан дар Душанбе зиндагӣ мекунам. Ба Хуҷанд барои иштирок дар ҷашну хурсандиҳои мардум зуд-зуд даъват мешавам.
-Шунида будам, ки бояд дар Австралия, Исроил ва Канада консерт баргузор мекардед, чӣ шуд?
-Бале, қарор буд, ки дар Австралия, Лондон, Исроил ва Канада консерт баргузор кунем, аммо ин беморие, ки ба ҳама маълум аст, сабаб шуду корҳои мо ба таъхир афтод. Медонед, ин пандемия зиндагии мардумро тамоман дигаргун кард. Шахсан нигоҳи худи ман ба зиндагӣ тағйир ёфт. Зиёд кор мекардам, ҳамеша банд будам, ба кӯдаконам, ба падару модарам вақт ҷудо карда наметавонистам. Дар вақти пандемия мо наздиктар шудем. Барои кӯдаконам вақти бештар ёфта, меҳри модариро ҳам дода тавонистаму ҳам эҳсос карда.
-Чандест, ки бо “Qiam Entertainment” лоиҳаи ҷадидеро оғоз кардаед ва сурудҳои мондагори овозхонҳои дирӯзу имрӯзро бозхонӣ мекунед. Донистан мехоҳем, ки ҳамкории шумо кай шурӯъ шуд ва идеяи ин лоиҳа аз кӣ буд?
-Ҳамкории мо бо ширкати “Qiam Entertainment” аз соли нави 2020 сар шуд. Аллакай якчанд тарона сабт кардем ва лоиҳаи “A Tribute To Singing Legend” низ як чизи ҷадид аст. Бо роҳандозӣ кардани ин лоиҳа хостем, ки эҳтироми Муҳаммад Рафӣ (1924-1980, ҳинд), Зафар Нозим (1940-2010, тоҷик), Муқаддас Набиева (1950-1979, тоҷик), Аҳмад Зоҳир (1946-1979, афғон), Амирҷон Сабурӣ (ХХ, афғон) ва Ваҷиҳа Растагор (1967, афғон)-ро, ки ҳамагон дӯст медоранду мешиносанд, ба ҷо орем. Дили ман ба санъат маҳз бо ҳунари ҳамин нафарон гарм шудааст. Инҳо сарояндаҳое мебошанд, ки худам бевосита дӯст медорам ва аз хурдӣ мехостам, ки ягон сурудашонро сароида бошам.
-Идеяи лоиҳаро кӣ пешниҳод кард?
-Ин фикри “Qiam Entertainment” буд ва сурудҳоро якҷоя интихоб намудем. Дар ин лоиҳа якчанд суруд аз эҷодиёти худам низ ҳаст.
-Нигинахон, давоми чанд соли фаъолиятатон бори аввал бо забони ҳиндӣ суруд хондед. Қолабшиканӣ чӣ гуна буд?
-Ман даъвои ҳиндихонӣ намекунам, вале сурудҳои ҳиндиро, ки дӯст медорам, ҳамин суруди устод Муҳаммад Рафиро интихоб намудам. Фикр мекунам, нафаре нест, ки филмҳову сурудҳои ҳиндиро дӯст надорад.
-Дар оянда боз бо забони ҳиндӣ суруд месароед?
-Намедонам...
-Аз ҳунармандони ҷавоне, ки тайи ду-се соли охир рӯйи саҳнаи тоҷик омадаанд, сурудҳои кӣ ба шумо бештар писанд аст?
-Сафармуҳаммади Рустам бо як сабки нав рӯи саҳна омад, услуби хонишаш бароям писанд аст. Мадина Ақназарова низ садои хуб дорад.
-Субҳ аз хоб барвақт мехезед?
-Бале, чун бояд писари хурдиамро ба боғчаву калониамро ба мактаб равон кунам.
-Бо фарзандонатон зуд-зуд ба сайругашт мебароед?
-Писари калониам аз мактаб хаста мешавад, писари хурдиам бошад, ҳозир айни талошу бозиаш аст. Ба ҳамин хотир, кӯшиш мекунам, ки рӯзҳои шанбеву якшанбе ба ягон ҷо равем, то кӯдакон бештар дар ҳавои тоза бошанд.
-Ташаккури зиёд, Нигинабону. Дар касбу коратон муваффақият орзумандем!
-Саломат бошед.