Arzon march 2024
Нигаронии муҳоҷирон аз беқадршавии пул
659

 

Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон боз поён меравад. Ин боиси нагаронӣ ва ташвиши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик гаштааст.

Аз касе пӯшида нест, ки барои тақрибан як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия манбаи асосии даромад ба шумор меравад. Муҳоҷирон дар Русия дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда, маъош ва даромаданашон бештар бо пули русӣ аст, аз ҳамин хотир беқурбшавии ин пул онҳоро ба ташвишу изтироб андохтааст. Қурби рубли русӣ бошиддат поён рафта, дар бадали як ҳафтаи охир аз 151 сомонӣ барои 1000 рулби русӣ то ба 144 сомонӣ расидааст. Барои қиёс рӯзи 19 декабр 1000 рубли русӣ 156 сомонӣ, 20-декабр 151 сомонӣ, 21декабр 147,6 сомонӣ буд, рӯзи 22 декабр бошад, Бонки Миллии Тоҷикистон арзиши 1000 рулби русро 144 сомонӣ эълон кард.

Хотиррасон мекунем, ки дар аввали моҳи декабр қурби расмии рубли русӣ дар Тоҷикистон 163 сомониро ташкил медод, вале дар бадали 22 рӯз он якбора 14% поён рафта, арзишаш қариб 20 сомонӣ камтар шуд. Акнун бонкҳои Тоҷикистон барои 1000 рубл аз 135 то 141 сомонӣ пул медиҳанд, масалан “Ориёнбонк” 1000 рублро бо қимати 140 сомонӣ, “Эсхата” 141 сомонӣ, “Спитаменбонк” бошад, ҳамагӣ 135 сомонӣ медиҳад. Дар ин миён танҳо бонки “Ҳумо” қурби қаблии рублро иваз накарда, то ҳол барои 1000 рубл ба мизоҷонаш 147,5 сомонӣ медиҳад.
Ин бори аввал нест, ки қурбли рубл дар Тоҷикистон поён меравад.

Ҳар дафъа пастшавии қурби пул беш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба хотири таъмини зиндагии аҳли хонаводаашон дар шаҳрҳои мухталифи Русия заҳмат мекашанд, зиёни молиёвӣ мерасонад, вале новобаста ба ин муҳоҷирати меҳнатӣ барои аксарият манбаи асосии дарёфти ризқу рӯзӣ боқӣ мемонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД