“НФС Газпромнефт” - Тоҷикистон ба кӯдакони нобино гармӣ ва сафо ҳадя кард
28.01.2026
Промо
300

Дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, махсусан кӯдакони маъюб амали хайру савоб мебошад. Шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “НФС Газпромнефт” - Тоҷикистон иқдоми хайрхоҳонаеро пеш гирифта, дар фасли сарди зимистон ба зиёда аз 400 нафар кӯдакон ва калонсолони дорои мушкилоти биноӣ дар Тоҷикистон гармию сафо ҳадя намуд.

Кормандони ширкат аз Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино дар шаҳри Ҳисор дидан намуда, бо шароити зисту зиндагии тарбиятгирандагони муассиса аз наздик шинос шуданд ва ба мактаб-интернат таҷҳизоти нави гармидиҳӣ, чанд адад кондитсионер ва дастшӯйҳоро туҳфа карданд.

Бо шарофати иқдоми неки “НФС Газпромнефт” - Тоҷикистон тарбиятгирандагони мактаб-интернат, ки аз гӯшаву канорҳои гуногуни ҷумҳурӣ буда, асосан кӯдакони нобино ва бинояшон суст мебошанд, дар ҳуҷраҳои гарму бароҳат зиндагӣ карда, забонҳои хориҷиро меомӯзанд ва бофандагию дӯзандагӣ, сохтани ҳар хел ашёҳои зеборо аз муҳра ёд мегиранд, ба навохтани асбобҳои мусиқӣ машғул мешаванд, шеъру суруд хонда, ҳунарашонро сайқал медиҳанд ва ҷаҳони ботинии худро бой мегардонанд. 

Кормандони “НФС Газпромнефт” - Тоҷикистон ҳамчунин аз Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат дидан карда, генератори нави дизелиро ба мактаби кӯдакони нобинои Ваҳдат ҳадя намуданд, ки биноро бо барқи бефосила таъмин менамояд. Дар баробари ин, ширкат бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри хонандагон ба мактаби мазкур радиаторҳои гармидиҳӣ ҳадя кардааст.

Тавре Маҳмадҳалим Нодиров, директори филиали Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат зимни суҳбат бо мо гуфт: “Барои кӯдакони нобино, ки ҷаҳонро тавассути ламс кардан эҳсос менамоянд, таъмин будан бо гармӣ на танҳо роҳат, балки баҳри рушди онҳо хеле муҳим мебошад”.

Масъулини муассиса аз “НФС Газпромнефт” - Тоҷикистон миннатдоранд, ки нисбати тарбиятгирандагони ин мактаб бетараф намонда, бачаҳоро дар фасли сарди зимистон бо гармӣ таъмин намуданд.

Шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории «НФС Газпромнефт” - Тоҷикистон дар кишвар 43 нуқтаи фурӯши сӯзишвориро дар шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи марказ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд идора менамояд, ки  бо фурӯши бензини навъҳои 98, 95 ва 92, ҳамчунин сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ машғул мебошанд, ки дар заводи коркарди нафти Омск истеҳсол карда мешаванд. 

Ширкат минбаъд низ дар минтақаҳои фаъолияти хеш лоиҳаҳоеро, ки сифати зиндагии мардумро беҳтар месозанд, сарпарастӣ карданӣ аст.

 WEB (1)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД