Arzon admin
Наврасони Тоҷикистон бо дастаи АМА бозӣ мекунанд
763

 

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯриҳо 22 ва 24-уми май дар Дубай баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) 13-уми июн рақибонашро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар қуръакашии ин мусобиқот маълум менамояд.

Барои иштирок дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 42 даста дархост пешниҳод кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД